Мактаби тарҷума. Чанд ҳарф аз қисмати Абдурашид Самадов
Адабиётшиноси маъруф, пажӯҳишгари равобити адабӣ ва тарҷума яке аз бунёдгузорони ихтисоси тарҷума дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Абдурашид Самадов 80-сола шуд.
Абдурашид ё Тӯйчибой?
Замони бачагии Абдурашид Самадов дар маҳаллаи Қазоқони Конибодом, назди мактаби Чашма гузаштааст.
— Вақте таваллуд шудам, нахуст маро Абдурашид номгузорӣ карданд. Ҳамон шабу рӯзҳо нақшаи пахтасупориро колхози “Ленинград” иҷро карда буд ва падари тракторчиям маро ба шарафи иҷрои нақшаи пахтасупорӣ Тӯйчибой ном гузоштанд. Ҳатто як гӯсфандро қурбонӣ карданд.
Шодии мо дер давом накард ва дар 5-солагиам аз модар маҳрум шудам ва ману хоҳарам ятим мондем. Нони сахти моиндар насибам гардид. Ба як даст арғамчини гов дар саҳро ва ба дасти дигар китобро медоштам. Шабҳо сатилро чаппа карда дар равшании маҳтоб дарс тайёр мекардам.
“Волнослушатель”-и устод Ҳусейнзода
Баъди хатми мактаби миёна ҳамроҳи шарикдарсони худ роҳи пойтахти мамлакат — Душанберо пеш гирифтам. Аввал шомили донишкадаи тиббӣ шуданӣ будам. “Зӯри беҳуда миён шиканад” гуфтани рафиқонам мани навраси 16-соларо ба ҳарос афтонд ва ҳуҷҷатҳоямро ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин супоридам. Ҳарчанд донишам бад набуд, вале дар комиссияи мандатӣ нахуст собиқадорони меҳнат ва сарбозони аз Артиш баргаштаро қабул карданду маро ҳамчун “Волнослушатель” қабул карданд. Яъне, шунавандаи озоди курси якуми донишгоҳ. Баробари донишҷӯён ба дарс мерафтам ва дар рӯйхати донишҷӯён ҳанӯз номам набуд. Ҳамин буд, ки ҳангоми супоридани имтиҳони нимсолаи аввал профессор Шарифҷон Ҳусейнзода аз ҷавобам қонеъ гардида, барои гузоштани баҳо номамро дар рӯйхат наёфтанд ва супориш доданд, ки аз нимсолаи дуюми хониш маро ба сифати донишҷӯй ба рӯйхат ворид намоянд.
Нақшофарӣ дар филми “Нисо”
Боре аз донишгоҳ баромада хобгоҳ мерафтам, ки ду нафар аз пасам омада, ба ҳуҷраам ворид шуданд. Ному насабамро пурсон шуда, худро чун ёварони коргардони филми “Нисо” аз киностудияи “Тоҷикфилм” муаррифӣ намуданд. Ба ҷону ҳолам намонда, маро ба киностудия, назди коргардон оварда, чанд намуд акс бардошта, маро ба иҷрои нақши марказии филм — Бахтиёр тасдиқ намуданд. Ҳарчанд дар майдони навор бозӣ мекардам, вале ҳушам банди дарс буд. Ҳамин аст, ки фурсат ёфта, аз майдони навор гурехтам ва ба дарс ҳозир шудам. Дигар тасмим гирифтам, ки аз пайи илм шавам, на синамо.
Анварӣ, Ҳодизода ва Самадов
Профессор Расул Ҳодизода маҳорати пажӯҳишгарии Абдурашид Самадовро ба инобат гирифта, барои таҳқиқи илмӣ мавзӯи лирикаи Анварии Абевардиро дод. Ба дастхатҳои илмӣ шинос шуда, осори безаволи Анвариро ба хати кириллӣ баргардонд ва чанд мақола ҳам ба табъ расонид.
Бо ҳамон шавқу шӯри ҷавонӣ дар мавзӯи лирикаи Анварии Абевардӣ пайи иншои рисола шуда, онро сарбаландона ҳимоя намуд.
Рӯ ба Донишкадаи забонҳо
Аз замони таъсиси Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси Тоҷикистон — аз соли 1980 устод Абдурашид Самадов фаъолияти илмиашро дар ин даргоҳи маърифат идома дод. То ҳол дотсенти ҳамин донишгоҳ аст. Баҳри талқини шогирдон ба забономӯзӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Худ низ ба русию англисӣ балад аст. Ҳамин лаёқати забондониашро ба шогирдон талқин мекунад.
Бисёриҳо ӯро устоди соҳибмактаби тарҷума ва тарҷумашиносӣ медонанд ва яке аз китобҳои маъруфаш низ беҳуда “Мактаби тарҷума” ном нагирифтааст.
Дар остонаи марг
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тӯдаи силоҳбадастон ба таҳдиди ҷонаш омаданд олими забондонро. Ба донишкада низ омада, таҳдид мекарданд, ки ба ин ё он донишҷӯ баҳо гузорад. Аммо устод таслим нашуд. Ҳолатҳои дучор шудан ба садама низ ин инсони наҷибро ба вартаи яъсу навмедӣ гузошт…
Дар сӯгвории Азиз
Соли 2010 ягона писари Абдурашид Самадов — Азизи 29-сола дар Маскав фоҷиавӣ ба ҳалокат расид. Доғи фарзанд олимро танҳонишин кард ва дарди худро рӯйи дафтар меорад. Дар жанри мактуб, эссе, ёддошт андешаҳои худро рӯи коғаз меорад. Мотам доштан тайи даҳ сол Абдурашид Самадовро ба бистари беморӣ кашид. Боқӣ осори илмии худро дар кати беморӣ иншо мекард. Ниёиш ба худу писар мекунад. “Мутаасифона, табиатан пессимист шудам”,- мегӯяд Самадов.
Маълумотнома
Абдурашид Самадов — номзади илми филология, дотсент,
адабиётшинос, тарҷумашинос ва муҳаққиқи робитаҳои адабӣ.
Устоди Донишгощи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода. Соли 1945 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, соли 1966 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Муддате дар телевизион ва бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ба ҳайси диктор фаъолият кардааст.
Ду навбат дар Ҷумҳурии Афғонистон фаъолияти тарҷумонӣ дошт.
Соли 1974 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Мақоми ғазал дар эҷодиёти Анварӣ» таҳти роҳбарии профессор Расул Ҳодизода ҳимоя намудааст.
Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла китобҳои «Анварӣ» (1987), «Анварӣ ва ғазалиёти ӯ» (1988), «Шигардҳои тарҷума» (2016), «Шарқ дар оинаи Ғарб» (2019), «Мактаби тарҷума» (2020), «Инсони комил» (2021), «Анварӣ: ҷусторҳо дар рӯзгор ва осор», “Шоҳнома дар Русия” (2023) ва ғайра аст.
Намунаи ашъори Анварии Абевардӣ, Абдулвосеъи Ҷабалӣ ва Ҳазини Лоҳиҷиро таҳияву дар Тоҷикистон нашр кардааст. Соли 2019 китоби барандаи Ҷоизаи Нобел Равиндранат Тҳакур «Гитанҷалӣ»-ро таҳияву нашр намуд.
Зайниддин Орифӣ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ