МАКТАБИ ЯТИМОВ СИПАР ВА ҶАВШАНИ ҚАВИИ АМНИЯТИ КИШВАР АСТ

Ҷомеашиносон, аллакай, собит кардаанд, ки зарари муборизаи иттилоотӣ аз зарари силоҳи ядроӣ бештар аст. Шикасти девори Берлин ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ алангаи “ҷанги сард”-ро муваққатан хомӯш карда буд. Кишварҳои абарқудрати Fарб ҳеҷ гумон надоштанд, ки Россия ва Чин дар даҳсолаи оянда рақиби шикастнопазири кишварҳои 7 — гона ва ё аъзои НАТО мешаванд. Россия ва Чин на танҳо аз муҳосира баромаданд, баръакс, дар доираи иттиҳодияҳои СҲШ ва БРИКС ними аҳолии сайёраро ба ҷониби худ ҷалб намуданд.

Ҳар касе, ки иттилоотро идора мекунад, ақлро назорат мекунад. Ҳар касе, ки иттилоотро дастрас мекунад, азизи мардум хоҳад шуд.

Ҷим МОРРИСОН

Аз соли 2000 “ҷанги сард”-и такроран ва ин бор шиддатнок оғоз гардид. Аллакай, соли 2002 дар ин ҷабҳа бартарии Россия ва Чин эҳсос шуд. Ҳаҷм ва сифати муҳтавои иттилооти Чин ва Россия аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Аврупо ду баробар афзоиш ёфт. Маъмулан “Касе, ки соҳиби иттилоот аст, соҳиби дунё хоҳад шуд” аз ёди Fарб рафта буд. Ба рушди иттилооти Россия ва Чин рушди иқтисод ва технологияи иттилооти электронӣ мусоидат намуд.

Яке аз омилҳои аслии даргириҳо дар Тоҷикистон низ рақобати бозори иттилоот буд. Мухолифин ва ҲНИ (ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълоншуда) ба муқобили Ҳукумати қонунӣ дар се самт: 1, иттилооти мазҳабӣ, динӣ; 2, шароити маишӣ ва сатҳи зиндагии мардум; 3, волоияти маҳал ҳамла карданд. Ба ҳамин хотир, ҳатто баъди нооромиҳо — аз соли 1999 то 2010 гурӯҳҳои тундрав ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар ҷомеа мавқеи муайянро ишғол намуданд. Дар ин давра иттилоот дар идораҳои расмии давлатӣ, аз ҷумла дар сохторҳои амниятӣ аз раванд ва мубориза, қафо монд. То соли 2008 ҳатто дар марзи Тоҷикистон даҳҳо радио ва нашрияҳои муҷоҳидон ва мухолифин зидди дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ташвиқот мебурданд. Кор то ҳадде расид, ки мубаллиғон узви ташкилоти манӯи ҲНИ буданро ба 5 фарзи мусулмонӣ баробар мекарданд.

Бо омадани сиёсатшинос ва олими маъруф, сарбози содиқи амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ба раъси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷабҳаи иттилоот ҳамчун амнияти миллӣ ва дифои давлат афзалият пайдо кард. Сиёсатмадори маъруфи Франсия дар қарни ХХ Шарл де Голл гуфта буд: “Вазир набояд аз рӯзномаҳо шикоят кунад ва ё ҳатто онҳоро хонад. Ӯ бояд онҳоро нависад”. Аз ин рӯ, Ятимов дар баробари мутолиа худаш ба эҷод барои матбуоти даврӣ машғул гардид.

Саймумин Сатторович 40 сол боз бо иттилоот сару кор дошта, онро ба манфиати амнияти миллӣ истифода мебарад. Ӯ аз иттилоот сипар сохта метавонад.

Профессор Ятимов хуб медонад, ки маҳз иттилоот империяи Руми Қадим, Хулафои Фотимии Миср ва Иттиҳоди Шӯравиро тавоно карда буд. Сиёсатмадори немис Гелмут Кол гуфта буд: “Ман аз сад хабари “Шпигел” 20-тояшро барои стратегияи роҳбарӣ интихоб мекардам”. Ҳатто ривояте ҳаст, ки боре Гелмут Кол дар ҷаласаи субҳона ҳамаи вазирону роҳбаронро даъват мекунад. Вазири амният даъват намешавад. Вазир бо хашм ба Канслер мегӯяд:

  • Наход иттилооти гузориши шабонарӯзии ман ба шумо лозим нест?
  • Асло лозим нест. Зеро ман, аллакай, “Шпигел”-ро мутолиа кардам. Шуҷоат ва оянданазарии Ятимов дар он аст, ки ӯ дар ҳамаи иттилооти ВАО, расмӣ, овозаҳо, ҳадаф, аудитория ва инъикоси воқеаҳои рӯзро меҷӯяд.
  • Бори аввал бо иқдоми Ятимов стратегияи истифодаи иттилоот таҳқиқ гардида, он ба таври илмӣ-оммавӣ дастраси мардум шуд. Имрӯз дар илми ҷомеашиносӣ силсилаи мақолаҳои ӯ оид ба амнияти миллӣ ва илм, маориф, маънавият, худшиносӣ, забон, нақди сухан беҳтарин пажӯҳиш маҳсуб мешаванд. Консепсияи рушди ормонҳои миллӣ ва идеологияи нав дар тарғиби ватандӯстӣ, ваҳдати маҳалҳо, тақвияти пояҳои давлат, бедории ғурури миллӣ олами навро кашф кард. Акнун омма медонад, ки давлатдорӣ танҳо аз иҷрои нақшаи буҷет ва андоз, бунёди иншооту корхонаҳо иборат нест.
    Борҳо мушоҳида кардем, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мақолаҳоро омӯхта, дар кори амалиашон истифода мебурданд. Чанде пеш мақолаи профессор Саймумин Ятимов бо номи “Нақди сухан” нашр шуд. Маъмулан мо Суруди Миллӣ, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро, муқаддас медонему арҷ мегузорем. Дар пажӯҳиши Ятимов боз як кашфиёти нав — рамзи эълони “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд” бо овози наттоқи маъруф Абдурашид Хуҷамқулов эҳсосоти ватандӯстӣ ва муҳаббату самимияти умқи дилро бедор мекунад. Ин садо дар толорҳо, майдонҳо ва маросимҳои расмӣ дар баробари Суруди Миллӣ ғурур ва ифтихорро бедор менамояд.
  • Саймумин Ятимов ҳоло батадриҷ дар ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ бар зидди тундгароён, фирориёни иғвоандози берунӣ ва ҳазорҳо блогерҳову сомонаҳои ифротӣ бартарӣ дорад. Иттилооти дастрас ба омма ва бо далелҳои муътамад, ҳатто мухолифини ашадиро аз майдони мубориза берун баровард. Масалан, дар 10 моҳи имсол 4 сомона, 127 сафҳаи блогерҳо, ду созмони таблиғотӣ дар хориҷи кишвар маҷбур шуданд, фаъолияти худро қатъ кунанд.
  • Ҳамзамон, мактаби академик С. Ятимов коршиносони нав, шореҳони нави сиёсиро ба майдони мубориза ҷалб намуд. Журналистон ва ҷомеашиносони ҷавон ва ҳам насли бузургсол дар пайравии Ятимов доир ба масоили мубрами рӯз изҳори андеша мекунанд.
  • Имрӯз Аврупо бо ҳар баҳонаву восита мухолифини ифротӣ, аз ҷумла ҳизби террористӣ-экстремистии ҲНИ-ро сарпарастӣ мекунад. Ба аврупоиён, ки ахиран, пас аз террор дар Франсия, кушта шудани муаллим аз оқибати таблиғоти терроризм огоҳ шуданд, бояд шеъри Азизуддин Насафиро дастрас кунем:
  • Суханчинро макун наздики худ ром,
  • Кӣ бад гӯяд туро ҳам дар саранҷом.
  • Суханчинро надеҳ наздики худ ҷой,
  • Ки дар як дам кунад сад фитна барпой.
  • Бо кӯшиши ҷомеашиносонаи Саймумин Ятимов, Саидмурод Фаттоҳзода, Рамазон Раҳимзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Бахтиёр Ҳамдам ва даҳҳои дигар таърих, моҳият ва истифодаи иттилооти сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси омма мегардад.
  • Ҷанги иттилоотиро Шайх Саъдӣ дар замон, худаш зикр карда, онро чун силоҳи мубориза эълон ва аз оқибати шуми он ёдрас мекунад:
  • Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст.
  • Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
  • Мутаассифона, иттилооти мо дар марз ва ноҳияҳои дурдаст дар ҳолати ташвишовар аст. Дар минтақаҳои марзии Кӯлоб, ВМКБ то ҳол ягон нашрия ва васоити ахбори электронӣ фаъол нест. Теъдоди ҳармоҳаи рӯзномаҳои ноҳиявӣ ночиз аст. Нашрияҳои расмӣ ба ҳисоби миёна то 1 ҳафта дастраси мардум мешаванд. Журналист ва коршиноси маъруф Суҳробшоҳ Фаррухшоҳ дар як суҳбаташ васоити ахбори оммаро “силоҳ ва дар як маврид сипари боэътимоде номид, ки манфиатҳои миллиро ҳимоят мекунанд”. Оид ба фаъолияти ВАО-и минтақаи Кӯлоб Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ гуфта буд: “Мутаассифона, дар минтақаи Кӯлоб бинобар набудани шароити созгор нақши ВАО дар ифои вазифаи асливу усулии худ андаке хира ба чашм мерасад. Ҳарчанд, рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб дар радифи ҳамтоёни марказнишини худ дар бардошти масоили мухталифи ҷомеа, ҳалли мушкилот ва инъикоси мавзӯъҳои доғи рӯз саҳми калон доранд, аммо набудани шароит ва василаи кор онҳоро нигарон кардааст. Дар 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 11 нашрияи мансуб ба мақомоти маҳал, як рӯзномаи мустақил, 1 телевизиони давлатӣ ва як телевизиони мустақил фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар музофоти Кӯлоб бештар аз 1 миллион ҷамъият ба сар бурда, мунтазам ба ахбори саҳеҳ ва саривақтӣ ниёз доранд. Дуруст аст, ки беҳбудии фаъолияти рӯзномаҳо, ки нашрияҳои мақомоти маҳаллӣ мебошанд, аз мақомоти маҳал вобастагӣ доранд, аммо бетаваҷҷуҳӣ аз ҷониби чунин як ниҳоде, амсоли Иттифоқи журналистони кишвар ба кори онҳо масъалаи муҳимест, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Бояд гуфт, идораи кории рӯзномаи “Субҳи меҳнат” — и ноҳияи Муъминобод дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, оҷилан таъмир мехоҳад. Дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ховалинг” мизу курсии корӣ намерасад ва идора ба шабакаи интернетӣ пайваст нест. Рӯзномаи “Зафар”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳе ду маротиба ва рӯзномаи “Гулистон”-и ноҳияи Фархор моҳе як маротиба нашр мешаванду халос. Адади нашри ҳамаи рӯзномаҳои маҳаллӣ мутобиқи иттилои мавҷуда аз ду ҳазор зиёд нест. Мушкили асосии рӯзномаҳои музофоти Кӯлоб набудани чопхонаи ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад. Ба далели мушкили молиявӣ рӯзномаҳо маҷбуранд дар чопхонаи шаҳри Кӯлоб рӯзномаҳои худро бо сифати начандон хуб чоп кунанд”.
  • Ин маълумот то андозае куҳна ҳам бошад, баёнгари вазъ аст. Ҳамин аст, ки мардум нисбат ба ВАО ба шабакаҳои иҷтимоӣ, сафҳа ва замимаҳои мобилӣ бештар дастрасӣ дорад. Рӯзномаи “Имрӯз News” чанде пеш дар ноҳияҳои дурдаст пажӯҳиш анҷом дод. Ба шаҳрвандон чунин савол дода шуд: “Шумо хабар дар бораи эҳтимоли барқарории парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба Россияро аз куҷо хондед?”. Аз 100 нафари сокини шаҳри Хоруғ 89 нафар аз Фейсбук, аз 100 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан 82 нафар аз расонаҳои Россия, 100 нафар сокини шаҳри Хуҷанд хабарро аз Фейсбук дастрас кардаанд.
  • Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, модоме ки 67 дарсади аҳолии сайёра истифода мебаранд, ба манфиати миллӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, иқдоми Ятимов оид ба пахши иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ қобили дастгирист.
  • Ибтидо аз солҳои 80-уми қарни гузашта тафсир, ташреҳоти сиёсӣ васеъ истифода мешуданд. Муҳимтарин барномаҳои давлатӣ — нақшаҳои панҷсола васеъ шарҳ дода мешуданд. Ин жанр то солҳои 2010 хеле кам истифода мешуд. Дар ин самт низ С. Ятимов анъанаи навро ҷорӣ кард. Соли равон дар мавриди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниши васеъ ба амал омад. Аммо шарҳ ва таҳлилҳои амиқи муаллиф дар мавриди Паём моҳият, фалсафа ва мавқеи байналмилалии Паёмро кашф кард.
  • Дар пажӯҳиши С. Ятимов он чиз ҷолиб аст, ки ӯ иттилооти рӯзро ба хотири амнияти кишвар истифода мекунад. Ӯ ба хубӣ дарк кардааст, ки ВАО ҳанӯз афкор ва ақидаи комили омма нест.
  • Пахшу паҳншавии иттилоот ва истифода аз он интихобӣ аст. Вале бояд иттилооти фаровон дастрас бошад, ки аз байнашон иттилооти дилхоҳ интихоб шавад. Дар хотираҳои сиёсатмадори амрикоӣ Ҷорҷ Буш чунин зикр гардидааст:
  • Боре Ҷорҷ Буш дар конфронси матбуотӣ мегӯяд:
  • Журналистони гиромӣ, ман ҳатто нисфи он чизе, ки шумо менависед, нахондаам.
    Журналист: — Ҷои шубҳа нест. Мо низ нисфи суханони шуморо гӯш намекунем.
    Ҷорҷ Буш: — Ман инро пас аз хондани нисфи он чизе, ки шумо менависед, фаҳмида будам.
    Маъмулан, ҳама вақт нисфи иттилоъ истифода мешавад. Ва ин нисф барои он интихоб мешавад, ки ба ҳодисаҳо, воқеаҳо ва вазъи рӯз мувофиқ бошад. Дар пажӯҳиши С. Ятимов ин усули истифода аз иттилоъ ду сол пеш таъкид гардида буд.
    Имрӯз дар баъзе давлатҳо, аз ҷумла Эрон, Чин, барои гурӯҳҳои одамон ва роҳбарон иттилооти алтернативӣ нашру дастрас мешавад. Дар ИМА солҳои чилум барои Рузвелти солхӯрда ва Рокфеллери пир, махсусан шумораи алоҳидаи ками газетаҳо нашр ва дастрас мешуданд. Барои Рокфеллери пир як рӯзномаи махсуси пур аз хабарҳои тахайюлӣ мавҷуд буд.
    Кӯшиш ва талоши Саймумин Ятимов дар ин бора қобили таҳсин аст. Давлат иттилооти пурра мегирад. Ҳамзамон, ВАО ба иттилои расмӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.
    Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВАО таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Аз ҳамаи ахбори матбуот огоҳанд ва ба таври фаровон дар суҳбатҳояшон аз матбуоти даврӣ иқтибос мекунанд.
    Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки забон ва услуби публитсистикаи илмӣ — оммавии профессор Саймумин Ятимов хеле фасеҳ, дастрас ва оммафаҳм мебошад. Дар 5 соли охир ӯ мактаби публитсистикаи сиёсиро ташаккул дод. Имрӯз роҳбарони эҷодкор Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Шералӣ Кабир, Саидмурод Фаттоҳзода ба он хотир маҳбубу маъруфанд, ки оммаро бо иттилои нодир ва воқеӣ таъмин менамоянд.
    Мактаби публитсистикаи сиёсии Ятимов сипар ва ҷавшани қавии амнияти кишвар аст. Ба қавли Лев Толстой: “Сухани шахс сирату сурати инсонии ӯст”. Сухани Ятимов сирату сурати некхоҳии ӯст.

Наҷмиддин ШОҲИНБОД,

Рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *