Мактабу китобхона дар васати масҷиду қабристон (аксҳо)
Дар шаҳри Хуҷанд аввалин китобхонаи шаҳрӣ, Академияи таомҳои миллӣ, кинотеатр ва Мактаби мусиқии бачагонаи № 4 ифтитоҳ ёфт. Маҷмаа, ки қаблан як мавзеи назарногир ва ба гуфти мардуми маҳал “миёни масҷиду қабристон” буд, аксарият бовар надоштанд, ки дар ин гуна ҷой мактаб ё кинотеатр мешавад.
Ҳоло чор бинои зикршудаи маҷмааи фарҳангӣ, ки дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд бунёд шуд, пештар мардум “қисмати бекорхобидаи масҷиди Нури ислом” мегуфтанд. Ин маҷмаа якуми сентябр бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ифтитоҳ шуд.
Мактаб дорои 18 синфхона бо фарогирии 18 маҳфил барои омӯхтани ҳунарҳои мухталиф, аз ҷумла, рақс, созҳои мусиқӣ (рубоб, ғиҷак, фортепианно, доира, чанг) рассомӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сарояндагии анъанавӣ ва сарояндагии академикӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.
“Муддати таҳсили хонандагон дар ин мактаб барои созҳои аврупоӣ 7 сол, барои созҳои миллӣ 5 сол ва барои рақс ва ҳунарҳои мардумӣ 4 сол муқаррар шудааст. Ҳадафи асосии мо аз Пешвои миллат то раиси шаҳри Хуҷанду раиси вилоят, ман ҳамчун сарвари мактаб ҷалб ва машғул намудани насли наврас ба корҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва баланд бардоштани шавқи эҷодии онҳо аст. Аз ин ҷост, ки 98%-и омӯзгорону кормандони мактабро ҷавонон ташкил медиҳанд ва аксарияти онҳо хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Хуҷанд мебошанд”- гуфт Иброҳимҷон Шокиров, сарвари Мактаби бачагонаи мусиқии рақами 4 .
Ба гуфтаи Малика Қосимова, иҷрокунандаи вазифаи сардори китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Хуҷанд ин китобхона пас аз даврони соҳибистиқлолӣ нахустин китобхонаи шаҳрӣ буда, он дорои беш аз 30 ҳазор китоб буда, китобҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ пешкаши хонандагон мегардад.
“Яке аз талаби асосии китобхонон китобҳои электронӣ аст, ки дар рӯзҳои наздик китобхонаи электронӣ бо дастгирии раиси шаҳри Хуҷанд таъсис меёбад. Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дорои 9 филиал аст. Китобхонаи мо филиали рақами 2 буд ва айни замон 7 филиали китобхона дар минтақаҳои гуногуни шаҳр ҷойгиранд. Минбаъд китобхонаи мо 7 филиали дигарро муттаҳид месозад”-афзуд Қосимова.
Дар маҷмааи фарҳангӣ толори кинотеатр низ бунёд ва ба фаъолият оғоз кардааст, ки дорои 60 ҷойи нишаст мебошад. Дар рӯзи ифтитоҳи кинотеатр раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулин ва ҳайати кории кинотеатр дастур дод, ки бештар филмҳои тарбиявию таърихӣ ба намоиш гузошта шавад. Намоиши ин гуна филмҳо дар кинотеатр дар баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳиии наврасону ҷавонон бояд саҳм гузорад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ