Малик Салмон бин Абдулазиз, аввалин маротиба Русия рафт
Малик Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ барои гуфтугӯ бо мақомоти Русия, рӯзи чаҳоршанбеи 4-уми октябр вориди Маскав шуд. Ин сафар дар робитаҳои Риёз ва Маскава муҳим гуфта мешавад, зеро ин нахустин сафари як подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Русия дар таърихи муносибатҳои ду кишвар мебошад. Қарор аст имрӯз, панҷшанбеи 5-уми октябр Малик Салмон бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот намояд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, вазъияти қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҷанги дохилии Сурия, аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти подшоҳи Саудӣ бо президенти Русия хоҳанд буд. Дар ҳамин бора ҳукумати Русия эълон кардааст, ки Путин ва Малик Салмон дар бораи масоили Ховари Миёна ва Шимоли Африқо ва ба вижа даргириҳо дар ин минтақа музокира хоҳанд кард.
Арабистон ва Русия дар қазияи Сурия бо ҳам ихтилоф доранд. Русия аз соли 2015 ба ҳимоят аз Башор Асад дар ҷанги Сурия мудохила кард. Ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ аз мухолифони ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, дар солҳои ахир муносибатҳои Маскав ва Риёз беҳбуд ёфтааст. Ҳамкории Русия ва Арабистони Саудӣ боис шуд, то ин ду кишвар ва дигар аъзои кишварҳои тавлидкунандаи нафт — ОПЕК дар бораи барномаи коҳиши тавлиди нафт ба ҳадафи афзоиши нархҳо, ба созиш бирасанд.
Қарор аст Малик Салмон рӯзи ҷумъа бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ мулоқот кунад. Вазири энержии Русия рӯзи 4-уми октябр гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ як миллиард доллар дар бахши энержии Русия сармоягузорӣ хоҳад кард. Вай ҷузъиёти бештаре дар бораи ин сармоягузории Саудӣ дар Русия ироа накардааст. Подшоҳи Саудӣ рӯзи шанбеи 7-уми октябр Русияро тарк хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ