Малика Ҳасанова: Бо ноадолатиҳо меҷангам
Малика Ҳасанова, аз ҷумлаи духтаронест, ки бо вуҷуди нав пайвастан ба дунёи илму навоварӣ соҳиби даҳҳо ҷоиза шудааст. Қаҳрамони мо соли 2023 соҳиби ҷоиза дар озмуни “Лидер СНГ” гардидааст.
Озмуни мазкур дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир шуда, дар он донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Малика Ҳасанова иштирок намуда, соҳиби ҷоиза шуд. Малика бо донишу зарфиятҳои илмии худ ба фонди ҷоизаҳои байналмилалии донишгоҳ як дастоварди муҳим ворид намуд.
Ин яке аз дастовардҳои Малика аст, ки волидонаш бо он ифтихор мекунанд. Феълан дар чорабиниҳои донишгоҳ ва берун аз он ровигӣ карда, бо ҳунару маҳорати худ дар дилу дидагони тамошобинон ҷой шудааст.
Малика бо маҳорати баланди суханварии худ дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат менамояд. Ӯ аъзои маҳфили “Ровиёни ҷавон” аст, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ то имрӯз зиёда бо 20 ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ шудааст.
Мавсуф муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38-и ноҳияи Деваштичро бо баҳои аъло хатм намуда, ду сол стипендияи президентӣ гифтааст. Ӯ тавассути маркази миллии тестӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳоло дар курси чорум мехонад. Тавре худаш мегӯяд, ноадолатиҳои замон ӯро водор сохтааст то дар пайроҳаи адолат қадам гузорад:
“Ҳуқуқшинос шахсе аст, ки ҳуқуқҳои худро дониста, ҳуқуқҳои дигаронро эътироф ва ҳимоя менамояд. Ҳамарӯза дар конфронси дохиливу хориҷа оиди ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон, кӯдакон ва масъалаҳое, ки фарогири доираи ҳуқуқӣ мебошанд, иштирок намуда меомӯзам. Аз хурдӣ кӯшиш мекардам ҳаққи касеро нахӯрам, ҳоло мехоҳам барои расидани ҳақ ба ҳақдор талош намоям.”
Малика аллакай дар мавзӯи саҳми занон ва гендер се мақолаи илмӣ ба чоп расонидааст. Ӯ қадамҳои нахустини худро дар роҳи илм мегузорад ва мехоҳад дар оянда яке аз онҳое бошад, ки барои баробарии ҳуқуқи зану мард талош намояд.
“Аз ҳама муҳим саводнокии зан дар ҷомеаи демократӣ дар мадди аввал қарор дорад. Ба ҳамин васила бо мақсади беҳтар намудани дастрасии духтарон ба таҳсил соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдаст қабул карда шуд. Ман мехоҳам, дар оянда барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ва баробарии онҳо бо мардон талош намоям,”-мегӯяд ӯ.
Қаҳрамони мо донандаи се забони хориҷӣ аст. Ӯ аллакай ба чанде аз давлатҳои хориҷа сафар карда, дар оянда нақшаҳои аз ин дида зиёдтар дорад. Малика дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, дар маркази таълимии занон “Сарвар” таҳсили илму оиладорӣ мекунад.
Малика Ҳасанова фарзанди ягонаи волидонаш аст. Падараш соҳибкор ва модараш дар мактаби ноҳия ҳамчун муаллима фаъолият мекунанд. Қаҳрамони мо дар зиндагӣ модарашро идеали худ шуморида, мехоҳад дар оянда модари муваффақ, ҳамсари бофаҳм ва сарвари намунавӣ дар ҷомеа бошад.
“Ба фикри ман зани муваффақ шахсест, ки дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ бо матонат ва лабони пур аз ханда истодагарӣ мекунад. Зани муваффақ зане аст, ки имрӯз барои бунёди ҷомеаи солим саҳм мегузорад. Ва ҳамеша барои оила ва ободиву пешравии ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад,”-чунин иброз менамояд Малика.
Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ