Малика: Барои миллионер шудан ОРЗУ ё ДАСТКУТОҲӢ лозим
Агарчи дар матбуот мусоҳиба зиёд аст, вале бо мусоҳибаҳои мотиватсионӣ хеле кам ба нашр мерасанд. Зеро дар ҳоли ҳозир аз муваффақияти нафаре гуфтан ҳаммаънои ланганбардорӣ ва рекмаларо дорад. Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки аз ин ба баъд бо ҷавонони муваффақ дар бизнес мусоҳибаҳои кӯтоҳ анҷом диҳем.
“Ман аз замони таваллуд шуданам ба бизнес таваҷҷуҳ доштам”- мегӯяд Малика Валиеваи 20-сола, ки айни ҳол дар шаҳри Панҷакент 2 мағоза дорад ва сармояаш наздики 140 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Малика Валиева дар аввал психолог шудан мехост, вале пас аз чанде фаҳмид, ки ин касб барои ӯ нест. Ҳамчунин, ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой барои таҳсил рафт, аммо дарк кард, ки вақташ беҳуда сарф мешавад. Бинобар ин, ӯ ба дарсҳои Саидмурод Давлатов рӯ овард ва қарор дод, ки ба бизнес машғул мешавад.
— Малика, ҳоло шумо ду мағоза доред. Таърихчаи оғози коратонро нақл кунед.
— Якум мағозаамон 20-сола ва дуюмашро се моҳ пеш кушодем.
Соли 1999 падарам ҳам таксист ва ҳам суратгир, модарам муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буданд. Он замон ду фарзанд доштанд. Диданд, ки шароит торафт бад мешавад, бинобар ин, чанд намуди роҳи даромадро пеш гирифтанд. Масалан, донаи офтобпараст мефурӯхтанд, пирожкиву булучка пухта, ба мағозаҳо тақсим мекарданд. Вале аз ин кор даромади хуб ба даст оварда натавонистанд. Баъдан, ба хулосае омаданд, ки дар як қисмати хона як тирезача кушодянд ва ба фурӯши майда- чӯйда машғул шаванд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста он тирезача фоида овард ва ба мағозаи калон табдил ёфт.
— Худи ту ба бизнес чӣ гуна омадӣ?
-Вақте волидонам бароям пул медоданд, назорат мекарданд, ки онро беҳуда харҷ накунам. Ман ҳам насиҳати онҳоро гӯш карда, кӯшиш мекардам, ки кисапулиҳоямро зиёд кунам. Барои мисол, вақте падарам барои бор мерафтанд, ман ҳам пулҳои ҷамъкардаамро дода, мегуфтам ба ман ҳам ягон намуд чиз оред то ки фурӯхта пуламро зиёд кунам. Инро ба назар гирифта метавон гуфт, ки ман ҳанӯз аз кӯдакӣ ба ҷойи сарфи пул дар фикри зиёд кардани пулҳоям будам.
— Чӣ гуна фаҳмиши тиҷоратӣ пайдо кардан мумкин аст?
— Ба ҳар навъ. Масалан, ман бисёр китоби бадеӣ мехондам, махсусан, китобҳои С.Айниро. Дар он замон модарам бисёртар дар бораи бизнес китоб мехонданд ва китобдӯстиву тиҷоратдӯстии маро дида, китобҳои хондаи худашонро ба ман ҳам талқин мекарданд. Ҳамин тавр, ман дар бораи бизнес китобхон шудам ва фаҳмиши тиҷоратиам хеле зиёд шуд.
— Се китоби С. Айниро номбар кунед.
— “Марги судхӯр”, Мактаби куҳна”, “Одина”…
— Ҳозир кадом китобҳоро хонда истодаед?
— Ҳоло “Маркетинг без буджета”, “Бизнес как игра” ва китобҳои С.Давлатовро мутолиа дорам.
— Мегӯянд, ки китобхонӣ дар бизнес фоида надорад, шумо тасдиқ кунед, ки фоида дорад.
— Барои муваффақ шудани ман китобҳои “Как стат миллионер в СНГ” ва “Как стат миллионер в Таджикистане” кумак карданд. Он ҷо 10 роҳе нишон дода шудааст, ки ба мо чӣ тавр идеяро дар бизнес амалӣ карданро меомӯзонанд. Ман онҳоро хондам ва қадам ба қадам иҷро карда, муваффақ шудам. Яъне, барои бизнесмен шудан мақсад мемонӣ, нақша мекашӣ ва хонда пеш меравӣ.
— Чӣ бояд кард то ки пулдору миллионер шуд?
— Ба фикри ман бояд болои худ кор кард ва мотиватсия гирифтан даркор. Мотиватсия ду намуд мешавад: орзу ва дасткӯтоҳӣ. Аз мо мотиватсияи дасткутоҳӣ буд. Яъне, барои зиндагӣ кардан пул, хона ва шароити хуб надоштем. Дуюм орзу. Ман орзу дорам, ки соҳибкори муваффақ шавам ва мардумро ба ҷойҳои корӣ таъмин кунам.
— Тамом, ҳамин қадар чиз даркор?
— Не аз ҳама муҳим боз устод лозим. Яъне, агар шумо миллионер шуданиед, бояд назди миллионер равед ва шогирд истед, то ки аз таҷрибаҳои ӯ ба худ чизе гирифта, дубора хатоҳои вайро такрор накунед.
— Панҷ миллионер номбар кунед.
— Саидмурод Давлатов, Ҷек Ма, Бодо Шефер, Брайан Трейсӣ Ҷек Мичел
— Сухани охирини шумо чӣ мешавад?
— Ҳамеша ба худатон боварӣ дошта бошед!
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ