“Маликаи шӯх” аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт
Бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 15-уми апрели соли равон Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе тибқи даъвати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши «Маликаи шӯх»-и муаллиф Ҳотам Салимов, дар таҳияи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар назар аст, ки театр дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сух намоишномаи “Маликаи шӯх”-ро манзури тамошобинон гардонад.
Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 20-уми марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ намуда, намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик гардонида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ