Мамарозаи тоҷикро дар Русия суд карданд

              Аз гуфтаҳои муштарии ҳамешагии «Оила» Маъруф Кенҷаев, ки тӯли 5 сол боз дар Русия иқомат мекунад, чунин бармеояд, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди занону духтарони тоҷик ба Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия муҳоҷир шудаанд. Як қисмати онҳо барои дарёфти ризқу рӯзи ба мулки рус рафта бошанд, иддаи дигарашон ба корҳои ғайриахлоқи мағул буда, обрӯи миллатро мерезонанд. Маъруфхӯҷа Кенҷаев мегӯяд бонувони тоҷикро бештар ҷангу ҷидоли хонавдагӣ ва вайроншавии оила ба мулки рус мебарад. Иддае аз занҳои тоҷик шабҳоро дар  дискокулубҳо дар оғӯши мардони пулмаст саҳар карда, ин амалихудро бо он сафед кардан мехоҳанд, ки гӯё ба хотири таъмини фарзандонашон аз ночорӣ танфурушӣ мекунанд. Ба иттилои номбурда, рӯзи 31 июни соли ҷорӣ полиси Русия як зани 34 солаи тоҷикро, ки аслан Истаравшанӣ буда, Лайло ном доштааст, бо гумони даст доштан дар қаллобӣ, дастгир намудааст. Номбурда, ду сол боз дар кишвари рус даст ба дуздию мардумфиребӣ зада, ҳамчунин ба бадухтарфурӯшӣ машғул будааст. Ин зани «корчаллон» иҷорахонаи дар ихтиёраш бударо ба фоҳишахона табдил додааст. Лайлои 34 сола гуноҳи худро ба гардан гирифтан намехост, вале наворҳои аз камераҳои назоратӣ ба даст омада собит намуданд, ки ин мамарозаи тоҷик дар як шаб ҳафт нафар духтаронро ба оғӯши мардони пулдор афканда, бо ҳамин роҳ пули калон кор мекардааст. Акнун, ин даллаи истаравшанӣ 5 соли умрашро дар паси панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Рустам Азимов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *