Маъмурият: Танҳо бо чипта вориди бинои фурудгоҳ шавед!
Маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қароре содир кардааст, ки тибқи он фақат ашхоси чиптаи ҳавопаймодошта ҳаққи вуруд ба бинои фурудгоҳро доранд.
Нусхаи қарори директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе И.Ф.Абдуллозода дар даромадгоҳи бино насб шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло фасли сармо фаро расида ва ҳаво аксар маврид боронист. Ин вазъият афродеро, ки барои истиқбол ё гусели наздикони худ ба фурудгоҳ омадаанд, дар ҳолати ногувор мегузорад.
Дар фурудгоҳ ба ин афрод “маслиҳат” додаанд, ки аз сармою борон дар мошинҳои шахсиашон паноҳ баранд.
Рустам Холиқов, шабакаи иҷтимоии “Фейсбук”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ