Маъмурияти Поммершайм дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Маъмурияти сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба анҷом расид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

28-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ҷон Марк Поммершаймро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Поммершайм барои саҳм гузоштан дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуд.

— Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *