“Ман ӯро накаут мекунам!” Нишасти матбуотии Ҳабиб ва Ҷастин (Видео)
Рӯзи 24-ум сабқати сол дар намуди муҳорибаи омехта, миёни ду размкори ҷаҳонӣ, Ҳабиб Нурмагамедов ва Ҷастин Гетжӣ баргузор мегардад. Барои ин дирӯз дар шаҳри Абу-Дабӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки Ҳабиб ва Ҷастин доир шуд.
Дар ин вохӯрии пеш аз набард қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук Ҷастин Гэтжи дар бораи Ҳабиб гуфт: “Бале, ман борҳо ӯро дар майдон дидаам, аммо шахсан рақобатҳои худи ӯро тамошо накардаам. Ман размҳои худамро тамошо мекунам. Барои ман ҳеҷ мушкил нест, ки дар қаламрави бегона разм кунам. Ман мехоҳам, ки дар Ирландия бо беҳтарин рамовараш, дар Бразилия бо беҳтарин ҷанговараш ва ҳатто дар Россия бо Ҳабиб мубориза барам».
Размкори амрикоӣ дар ҷойи дигар ишора кард: «Ман омодаам, ки Ҳабибро гузорам маро хаста кунад, аммо вақте ки фурсат фаро мерасад ман ӯро бо як зарба ба нокаут фиристонам”.
Ба андешаи коршиносони UFC ин рақобат сангинтарин рақобат дар таърихи фаъолияти Ҳабиб маҳсуб меёбад. Вале иддае дигар бо ғалабаӣ Уқоби Шарқ анҷоми мусобиқаро тахмин кардаанд. Назару пешгӯиҳои таҳлилгарони дохил болои ин Мусобиқа чист? Кадоме аз инҳо метавонанд шаҳди пирузӣ чашанд ва посбони Камарбанд бошанд?
Дар зер видеоеро манзуратон мекунем, ки хабарнигори мо дар кӯчаҳои Душанбе аз мардум пурсид, ки чаро Ҳабибро мухлисӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ