Ман ба тоҷик чӣ гуноҳ кардам? Чаро Ҳошим Гадо бо сайёра муросо намекунад?
(Идомаи суҳбат бо Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ)
На нақш доданд, на имкони кор
-Саҳнаи театрро пазмон нашудед? – суол кардам аз Ҳошим Гадо. Ин суол ӯро мисли зарбаи қувваи барқ такон дод. Аввал ғазабаш омад, баъдан лабонашро моили табассум карда гуфт:
-Моҳӣ бе об зиндагӣ карда метавонад? Одам бе оксиген чӣ? Не! Ман ҳам бе театр зиста наметавонам, вале феълан имкон нест, ки рӯйи саҳна бошам…
Ба тамоми театрҳо сар халонида хоҳиш кардам, ки бароям нақш диҳед, бозӣ кунам, имкон диҳед, спектакл монам, вале розӣ нашуданд… Афсӯс, имрӯз тақдири театрро касоне ҳал мекунанд, ки чӣ будани театрро намедонанд, дар мавриди санъат тасаввурот надоранд.
Мисли оне ки донишҷӯи курси дуюмро телевизион даъват карда суол мегузоранд: «Чаро тамошобин ба театр намеравад?». Ин масхара аст ба худо…
Боз мегӯянд, Ҳошим Гадо девона аст…
«Три поросенок» ва фарҳанги тоҷикӣ
Барои мисол, шумо журналист бори охир кай театр рафтед? – аз ман суол мекунад, Ҳошим Гадо ва посухи маро интизор нашуда, — Нарафтед! Акнун суол диҳед: «Чаро равам? Чиро бинам?»
Ҳақ асту рост! Дар театрҳои кишвар асари қобили тамошо нест. Илова бар ин, дар театри асосии ҷумҳурӣ – Театри ба номи Лоҳутӣ гапи ҳунармандонро аз толор шунида намешавад, акустикаро вайрон карданд…
Аммо ин касеро ба ташвиш намеорад, гӯё ҳамааш олиҷаноб аст…
Агар чунин бетафовутӣ набуд, Театри Маяковский даҳ сол шуд “Три поросенок”-ро пай дар ҳам ба саҳна намегузошт. Э, бародар, хук бо фарҳанги мусалмонӣ ва мо тоҷикон чӣ мухолифат дорад медонӣ? Як афсонаи тоҷикиро ба саҳна гузор ва ҷаҳонро гашта муаррифӣ кун!
«Рӯдакӣ»-и берӯдакӣ
Охирин маротиба бо даъвати Ибодулло Машрабов, ки директори театр буд, спектакли «Рӯдакӣ»-ро ба саҳна гузоштам. Ҳамон шабу рӯз ҷашни 1150-солагии шоирро таҷлил мекарданд ва театри Лоҳутӣ мувофиқи нақша намоиш таҳия мекард. Ибодулло даҳ маротиба омад, рад кардам, билохира, Муҳаммад Ғоибро, ки он вақт гапаш ба ман мегузашт, овард. Муҳаммад дар даҳлез ба гӯшам як гап гуфт, ки маро такон дод, бинобар ин, розӣ шудам. Чӣ гуфт, намегӯям…
Ҳафт моҳ ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакиро омӯхта, тамрин карда, спектаклро супоридем. Дар фестивал ҷоиза гирифт. Пешниҳод кардам, ки барои ҳамин спекаткл Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ диҳед, ки ба актёрон кумаки молӣ шавад… Аз рӯйхати довталабони ҷоиза якум «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадоро хат заданд…
Дилам монд…
Эмомалӣ Раҳмон – наҷотдиҳандаи театр
Се суол, ки дар миёни ин қисмати монолог ба Ҳошим Гадо додам:
-Агар ҳозир даъват кунанд, дар Театри ба номи Лоҳутӣ нақш бозӣ мекунед ё спектакл ба саҳна мегузоред?
-Не! Ман дар театри рақами як кор кардан мехоҳам…
-Ба кино даъват кунанд, чӣ?
-Агар нақши мувофиқ бошад, чаро не. Ман ҳар нақшро бозӣ карда наметавонам, ки меҳнати 60-солаи маро ба хоки сиёҳ баробар кунад. Зиёд пешниҳод мешавад, вале сенарияро дида, рад мекунам. Барои мисол ба қарибӣ телевизион даъват кард, пули нағз ваъда дод. Пурсидам, ки чӣ нақш аст? Гуфт, ки ба сарат кӯлоҳи сафед пӯшида, сабзиву пиёз пӯст карда, кордро таъриф мекунӣ, яъне реклама. «Гум шав, ки зада мекушамат, наход ту ба ман ин аҳмоқатро пешниҳод кунӣ…» — посух додам.
…Театри тоҷик дар ҳолати назъ аст, фақат манна бандӣ мондааст, кино бошад, тамоман мурдагӣ. Ин ҳарфро Ҳошим Гадо, охирин динозаври санъати тоҷик мегӯяд…
-Роҳи наҷот магар нест?
-Ҳаст, театри тоҷикро фақат як нафар наҷот дода метавонад — Эмомалӣ Раҳмон.
Профессори гадоҳо ҳастам
-Пулро дӯст медоред?
-Не.
-Вале мушоҳида кардаам, ки зиёд дар бораи маблағ ҳарф мезанед…
— Аввалин маротиба дар дунё Веспасян ном шоҳ (Императори Рим дар солҳои 69 -79 – ред.) ба ҳоҷатхонаҳо андоз мебандад. Писараш Тит омада, эрод мегирад: «Айб аст, наход одам аз ҳоҷатхона пул ҷамъ кунад». Шоҳ як тангаро гирифта, ба бинии шоҳзодаи ҷавон мебарад ва суол медиҳад: «Бӯй мекунад?”. “Не”-посух медиҳад Тит. «Пул бӯй надорад”… Яъне, агар пул бошад, беҳтар…
Вале ман дар китобҳоям пешниҳод кардам, ки пул барҳам хӯрад.
-Шуморо нафаҳмидам…
-Ликург (қонунсози Спартаи қадим, ки муаррихон аввалин қонунҳоро ба ӯ нисбати медиҳанд-ред.) якумин одамест, ки пулро нест кард. Ба кадом маъно? Як тангаро як кило оҳан карду 2 тангаро ду кило. Ҳамин тавр, пул ҷамъ карданро мушкил кард. Масалан, агар ҳазор сомонӣ дошта бошед, барои як ҷо бурдан фура лозим… Ин дахмаса ба кӣ даркор?
Пул албатта, барои инсон лозим аст, барои он ки зиндагӣ кунӣ, ба камбағал кумак намоӣ…
-Шумо ба камбағал кумак мекунед?
-Камбағалро дидӣ, як лағад зан! Ин ҳарфро чанд сол пеш ман навишта будам ва қариб буд, ки сангсорам кунанд. Ҳатто як нафар гуфт, ки ту дар спектаклат «Мардӣ набувад фитодаро пой задан, гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ»-ро истифода кардиву дар ҳаёт муқобили Рӯдакӣ мебароӣ?
Шарҳ медиҳам…
Ман аз қадим гадоҳоро меомӯзам. Профессори гадоҳо ҳастам. Номам ҳам Гадо аст.
Ман нақши гадоро ҳам бозӣ кардаам. Дар театр як нақш доштам Ризо (асари Меҳрубон Назаров «Орзу»-ред.). Қади ман 2 метр. Дар ин намоиш худамро 20 сантиметр кардааму 3 метр ҳам…
…Як рӯз ҷӯраҳои арақхӯрам гуфтанд, ки пул ёб, маишат кунем. Вале дар киса муш бозӣ мекард. Фикр кардаму либосҳои Ризоро пӯшида, гримм карда, бо мошин ба маҳаллаи кӯҳдоман (Нагорний) рафтем ва хона ба хона талбандагӣ намудам. Як чиза ба назар нагирифтем, ки дар Офтоб риш қоқ шуда меафтад. То канда шудани риш пули се шиша арақ ва нони зиёде ҷамъ кардам…
…Як гадои «нобино» дар кӯча дасташ дароз кардагӣ меистад. Мушоҳида карда, аз пасаш меравам, тангаашро гирифтанӣ мешавам, ҳақорат мекунад. Яъне ӯ фиребгар аст… Барои ҳамин ман ба ин гуна одамҳо дасти ёрӣ дароз намекунам.
Дар кӯча бин, ки ду пой надорад, кумак кун, калонсол аст, ёрдам деҳ… Дасту пой дораду металабад, як лағат зан…
Асрори китобфурӯшӣ
-Солҳои охир шуморо мардум бештар дар кӯча, дар вақти китобфурӯшӣ мебинанд. Ин амали шумо боиси баҳсу мунозираи зиёде шудааст... Ин коратонро сабаб чист? Зиндагиатон вазнин аст?
-Деҳқон картошкаву пиёз мекорад, ҳосилаш, ки расид, ба бозор бурда мефурӯшад. Чӣ гуноҳ кард? Ман ҳам картошкаву пиёзи худам – китобҳоямро, ки бо маблағи худам чоп кардаам, бароварда 10-15 сӯм мефурӯшам, ки китоби ояндаро нашр кунам. Чӣ гуноҳ кардам? Чӣ гуноҳ кардам, ки маро мавриди истеҳзо қарор медиҳанд?
Чанде пеш ҳам дар Интернет навиштанд «Артисти халқии СССР дар кӯча гадоӣ мекунад…». Вазорату донишгоҳ якҷоя шуда рӯйхати нафақаву маоши маро чоп карданд…
Ман то имрӯз 250 ҷилд китоб чоп кардам, 50 ҷилди дигар дар флешкарта омодаи чоп. Ба наздикӣ навиштам ба ҳукумат, ки ман ба 83 даромадам ва дигар дар кӯча китоб кашола карда гадоӣ карда наметавонам. Нашр кунед, китобҳои маро. Аз Ҳукумат ба Вазорати фарҳанг виза мондаанд: — «Дида баромада шавад». Вазири нав навишт, ки “мо икон надорем».
Ҳайр, имкон надошта бошед, ман гадоӣ карда мегардам, шуморо масхара карда мегарданд…
Ман чӣ гуноҳ дорам?
НИДОИ ҲОШИМ ГАДО: — Аз барои Худо ман ин мардумро намефаҳмам. 60 сол дар саҳнаи театр ва майдони синамо худамро дарронида, барои обрӯйи тоҷик хизмат кардам…
Падари ман иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ӯ то Берлин ҷангид ва бо як тири фашист баргашт. Ман дар театру кино 19 ҷароҳати вазнин бардоштам…
Сӯҳроби ман нақши ҷаҳонӣ аст. Ман барои ин нақш халта-халта мактуб гирифтаам… Кишварҳои дигар хона ваъда карданд, нарафтам, барои тоҷик кор кардам.
Дар солҳои нооромӣ, ки номи тоҷик паст шуд, театр маро даъват кард, ки ягон асар монам, то ки хориҷа равем. Эдипро эҳё кардам. Маскав рафтем. Ҳама бо як овоз ва ҳайрат мегуфтанд: «Он таджик?»… Дар таърих ягон «Эдип» ду маротиба Маскавро фатҳ накардааст, фақат “Эдипи Ҳошим Гадо!”…
Ман чӣ кардам, кӣ тоҷик маро дидан намехоҳад…
Намегузоранд, дар саҳна кор кунам… Китоб навишта мардумро ба роҳи рост ҳидоят кунам, хон гӯям, худатро накуш, падару модаратро эҳтиром кун, аз ҳама муҳим худатро шинос гӯям, магар гуноҳ аст.
Гап занам мегӯянд девона аст… Эй, ягон девона 300 ҷилд китоб менависад?!
Ман бо сайёра қаҳрӣ ҳастам
-Шумо аз сарнавишти худ розӣ ҳастед?
-Не. Ман ҳеҷ гоҳ орзуи актёр шуданро надоштам… Аз кӯдакӣ мехостам, ки самолёт сохта ба фронт парвоз кунам ва фашистҳоро қир карда, падарамро аз ҷанг оварда дар ватан монам ва аз ин сайёра гурехта равам… Аз рӯзи аввали худамро шинохтан ман ин сайёраро қабул карда натавонистам ва аз ин ҷо рафтанӣ будам. Вале тақдир буд ё тасодуф маро ба Маскав бурд ва шомили мактаби актёрӣ кард. Баъди хатм моро ба Театри Ленинобод оварданд. Мо актёри драма, он ҷо театри мусиқӣ…
Аз аввал «гадкий утёнок» будам. Ба ман нақш намедоданд, маҷбур шудам, ки мустақилона асар монам. Низом Нурҷонов ба қабули спектакл ба Хуҷанд омада, баъди баргаштан ба Ефим Мителман мегӯяд: — «Як та актёрашон будас Ҳошим Гадоев…”
То ин вақт ҳамаи ҳамкурсони ман, аз ҷумла Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева ва дигарон ба Душанбе, суроғи кор омада, ҷавоби рад гирифта рафта буданд. Фақат ман наомадаам. Баъди таърифи Нурҷонов Мителман ба Хуҷанд омад: «Где Гадоев?»… Вақте кори маро дид, ба Душанбе, ба Театри Лоҳутӣ даъват кард. Чӣ шуд, ки дертар омадем ба пойтахт. Бо ифтихор ба Театри Лоҳутӣ рафта, пурисдам: “Где Ефим Исаевич? Я его любимый актер Хошим Гадоев…”
Чунин посух шунидам:
«Мительмана больше здесь нет, я Виниамин Яковлевич Ланги, новый главреж”…
Тарбуз аз бағалам ғалтид…
Маълум шуд, ки Ефим Исаевичро футбол карда, ба театри русӣ ва Лангиро аз ҷо ба театри тоҷикӣ гузаронидаанд…
Вақти суҳбат бо Ланги радио эълон кард: Якумин бор одам меҳвари заминро убур карда, ба коинот баромад. Ин нафар Юрий Гагарин аст…
Ман сарама бо мушт зада ба гиря сар кардам.
Ланги ҳайрон шуда пурсид: — “Чаро гиря мекунӣ?”
“Гагарин ҷойи маро гирифт. Ин орзуи ҳамешагии ман буд…” – гуфтам.
Ланги лол монд, чӣ гуфтанашро намедонист.
Ҳамин тавр, ман дар Замин мондам, вале то имрӯз бо сайёра муросо накардаам, қаҳрӣ ҳастам…
-Вақтҳои охир дар мавриди чӣ бештар андеша мекунед?
-Ман 45 сол шуд, ки шароб наменӯшам. Ин сабаб дорад. З маротиба маро ба зиёфат ҷеғ зада заҳр доданд, қариб мурда будам, бинобар ин бас кардам… Ин як. Дуюм, ман варзишгар ҳастам ва шаробу варзиш ҳеҷ гоҳ созиш намекунанд. Дигар ин ки ҳазорон ҳазор актёр ва акрисаҳои ҷаҳон аз пушти шароб нест шуда рафтанд. Бинобар ин, ман аз машрубот даст кашидам…
Вале баъд аз оне ки рубоиёти Хайёмро тамрин мекунем, “майлам ба маю шароб бошад доим” шуд. Ҳавасам ба шароб меравад, бо чашми харидорӣ ба мағозаҳо нигоҳ мекардагӣ шудам. Фикр кардам, ки қабл аз маргам як фужер шампон хурам чӣ мешуда бошад?…
-Аз чӣ афсӯс мехӯред?
-Аз он ки ман бо миллати азизам, бо халқи тоҷик забон наёфтам. Байни мо тарҷумон лозим.
-Чӣ орзу доред?
-Ба Худо муроҷиат кардаам: Поко Парвардгоро, то нафаси охиринам, то ҷонам баромадан, ақаллан дар рӯи кураи Замин бо як одами ҳақиқӣ вохӯрам…
Суҳбатнигор
Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ