“Ман духтари тоҷикам”-и Фирӯза Ҳафизова нашр шуд
Фирӯза Ҳафизова таронаи навашро бо номи “Ман духтари тоҷикам” дар ютубканали худ нашр намуд.
Дар аввали намоҳанг дида мешвад, ки дар толори варзишӣ бачаҳо бо гуфтани маҳалҳояшон моҷаро карданӣ мешаванд, вале мураббӣ талқин мекунад, ки хуҷандиву кӯлобию душанбегӣ не, балки ҳамаамон тоҷикем.
Намоҳанги “Ман духтари тоҷикам” дар “Сафед-дара” ба навор гирифта шуда, бо иштироки кӯдакону наврасон, ки дар даст парчам доранд, таҳия шудааст.
Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳоро дорад:
Ман духтари тоҷикам,
Бар кори худ содиқам.
Бар обу хоки Ватан,
Менозаму ошиқам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ