Ман нахоҳам мурд ҳаргиз!

Устод Лоиқ Шералӣ дар ҷидол намудан андар худогоҳӣ, хештаншиносӣ, соҳибзабонӣ, меҳандорӣ, дам аз суннатҳои волои ниёкон задан ҳампову ҳамтои абарустодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров мебошад…

Баъд аз ҳазор сол

Ашъори чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ даврони пасошӯравӣ эҷодкардаи устод Лоиқ бе ардид, бо «Намунаи адабиёти тоҷик «-и устод Айнӣ ва» Тоҷикон»-и Ғафуров ҳамсанг аст.

Зиндагиномаи ин шоири бузурги мардумии тоҷикро ба гумонам, ниёз ба шарҳу тавзеҳи вижае нест. Чунки хурду бузург медонанд: пас аз ҳазор соли даргузашти ниёи бузургаш ‒ падарсолори шеъри порсӣ дар деҳи Мазори Шарифи Панҷекат зода шудааст. Пас аз андӯхтани донишҳо дар риштаи забону фарҳанги миллии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, оғоз аз солҳои шастуми садаи бист, ба майдони адабиёт ворид шудааст. Бо як шеъри «Ном» ва бо дастгирии гавҳаршиносонаи устод Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта гардид. Муддатҳо сардабирии маҷаллаи» Садои Шарқ «-ро ба уҳда дошт. Пасон раисии Кумитаи Бунёди забони тоҷикӣ (порсӣ)-ро, ки бо талошҳо ва такопӯҳои вижаи худи устод Лоиқ ва накӯномоне дигар сохта гардид, бар зимма дошт.

Дар сивуми июни соли 2000-ум аз сактаи мағз порсигӯёни ҷаҳонро дар ғам шинонду рафт.

Булуғи шеър ва нубуғи шоирӣ

Устод Лоиқ Шералӣ, аз рӯзе, ки вориди майдони адабиёт гардид, маҳбубтарин шоири мардумии тоҷикон шуд. Шеъраш хонахудои дили пиру барно шуд ва ҳунарваре бадавлату хуштолеъ буд, ки тавонист аз дардрезаҳо то кӯҳдардҳои мардуми Тоҷикистон гӯяд; аз худогоҳиву меҳанпарастӣ гӯяд ва муҳим аз ҳама, содаву мардумӣ гӯяд. Пайдост, ки фарҳангу ҳунари порсии тоҷикӣ уқёнусест бо паҳнаву дарозо ва жарфояш нодиданӣ. Ин абаршоир чун Ҳакими Тӯсӣ ҳамосае ҷаҳонтасхир нанвишт ё чу Мавлоно «Маснавии маънавӣ» наофарид ва ё гунаи Шайх Саъдӣ «Гулистон”-у «Бӯстон» иншо накард, вале тавонист шаҳпуле сохтан миёни дӯшу имрӯз ва фардои фарҳангу адаби мо. Ӯ қолаби шеъри ниёиро нашикаст, балки дар колбадаш масеҳонафасона ҷони тоза бахшид. Қолаби андешаро шикаста, ғазалро мардумӣ гуфт.

Аз шакаристони Мавлоно чошнӣ гирифтан ё аз хумхонаи Ҳофиз ҷуръае бардоштан ҳамагонро дастрас набошад, чунки осон нест, вале ин шоири тавоно тавонист шеърашро ба гӯши дили вазиру чӯпон, олиму ҷомӣ, кимиёшиносу муҳандис, масту девона… расонад

Бо дили дардошнову бо сари пуршӯру савдо,

То қаламро пул насозам дар миёни соҳили имрӯзу фардо,

Ман нахоҳам мурд оҷиз,

Ман нахоҳам мурд ҳаргиз!

Оре, устод Лоиқ дар тӯли чиҳилсола майдондории хеш яккатози майдони адаби мо буд, ки шеъраш гувоҳномаи будани миллат ва шиносномаи миллати тоҷик ба порсигӯёни ҷаҳон гардид.

Шоирони ҳамтабори мо, гунаи Нодири Нодирпур, Симини Беҳбаҳонӣ, Аҳмади Шомлу, Ҳушанги Ибтиҳоҷ ва бисёре аз номоварон, дар офариниши шеъри нав ва шикастани сунани аҷдодии суханварӣ шӯҳратёр гаштанд. Устод Лоиқ бо як эҳтиром, бо як нозукии лоиқона арӯси ғазалро бардошту «боз дар курсӣ нишонд».

Дар ғазал Ҳофизу Мавлонову Соибро зинда намуд, дар рубоӣ рӯҳи Хайёмро шодоб гардонид, бо «Илҳом аз Шоҳнома» Фирдавсиро ёдовар шуд ва дар дубайтӣ Боботоҳири Урёнро дар қалби шеърдӯстон эҳё кард. Дар шеъри ғаноӣ бо зебосуханӣ пайкара гузошт. Ашъори дилпазираш тасаллиномаи сӯгворон, шодбодии базмҳои навхонадорон, дар ҷашнвораҳо сардафтари суханварон, сарбайти номаҳои ошиқон…

Овои бедории шоири лоуболӣ

Ҳанӯз дар солҳои ҳафтодуми садаи мозӣ устод Лоиқ, ки синнаш акнун аз сӣ сол ё андаке зиёд гузаштан дошт, аз санохонӣ парҳезида, гулбонги бедорӣ мезад. Бо солории шоирона ва густохиву далерии хоси худаш гоҳе бо туркону туркгароён мешӯриду даме дам аз ториху ҳувияти аз каф рафтаи нажоду миллати хеш мегуфт. Дар он замон ки ба гуфте, «Хари ҷӯгиро об дода, нон мехӯрданд», ғайрату ҷавонмардӣ ва донишу дарки баланди ҳакимона мебоист, то сухане муҳкам тавон гуфтан. Ана дар ҳамин давроне, ки ҳама «Ба пеш, ба сӯи қуллаҳои коммунизм» равона буданд, ӯ аз дарди миллат мегуфт, розҳои нагуфтаи ногуфтаниро рӯи ангори сухан меандохт. Дар як даста шеърҳои «Араб гӯянд Синоро гурӯҳе», «Бӯалӣ ‒бихради накӯфарҷом», «Таърих гувоҳ аст», «Хоки Ватан», «Китобҳои шаҳид», «Ситораҳои сӯхта», «Боз як мушт» ва бисёре дигар навои бедорӣ мезад ва ҳамгому ҳамандешоне, чун Бозору Муъмин ва Гулрухсор ба ин бузургвор ҳамовозӣ мекарданд. Дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо занҷираи ашъору ғазалҳои баландпояву баландғоя гунаи:

Дар Бухорои шариф чанде касиф

Мактаби тоҷикиро дар бастаанд.

Ё:

Дар Самарқанд қанди мо шуд заҳр,

Дар Бухоро бухор гардидем.

Ё дар шеъри «Забонгумкарда»:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

Дар шеъри «Ифтихор ва эътироз» бо ҳасрат ва то ҷое бо як нафрати шоиронае чун шахси бедордил ба онҳое, ки миллати моро дар гузашта бесавод мешинохтанд мегӯяд:

… Зеро ман аз тухми ононам,

Вориси он бесаводонам,

Ва зиндаам бо номи онҳо,

Чун давоми онҳо,

Ва зинда бод ман!

Ва афроде мисли ман!

Хоке, ки аз ҳар заррааш мерасад ба димоғи ҷаҳон:

Бӯи ифтихор,

Бӯи эътибор,

Бӯи шеъри худоёна,

Бӯи нубуғи фарзона,

Бӯи фарҳанг,

Бӯи номусу нанг!

Ҷонкании боғ

Надонистам, ҳайфи мо,

Нафаҳмидем, ҳайфи мо,

Ки тӯфон аз чӣ сӯе бо чӣ қасду бо чӣ нерӯе

Ба сӯи боғи мо тӯфид?

Ва аз чӣ маҳз сӯи боғи мо тӯфид?!

Даҳсолаи ахири рӯзгори устод Лоиқ Шералӣ, воқеан, ҷонкании боғро мемонад. Боғистоне, ки нахлҳояшро решакан мекунанд.

Бозсозии горбачёвӣ, даргириҳои баҳманмоҳи хунин, аз ҳам рехтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги дохилии Тоҷикистони тозаистиқлолин шоири озодаи моро дар сӯг ва мотами миллат хуниндил медошт. Чун мӯи оташдидае дар ғами миллати хеш месӯхту мӯя мекард:

Дар ғами номуси миллат,

Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз фурӯғи рӯзи миллат

Бемуҳобо хонаи душман бисӯзад!

Дилогоҳон хеле хуб огаҳӣ доранд, ки дар раванди ҳаводиси солҳои навади асри гузашта устод Лоиқ миёни ду майдон, холисонаву дилсӯзона чӣ такопӯҳои сарбозандаву ҷонбозандае дошт:

На ёри «Шаҳидон»,на озодихоҳ,

На бо ин сипоҳу на бо он сипоҳ,

Миёни ду дунё манам рӯсапед,

Миёни ду майдон манам рӯсиёҳ.

Дар барқарории сохти конститутсионӣ, дар оштии миллӣ ва ваҳдати деринтизори кишвари азизи мо саҳми ин абармарди фарҳангу адаби Тоҷикистон беандоза аст. Дӯш ба дӯши сарсупорони кишвар дар талоши ваҳдат, ягонагӣ ва сулҳу оштии миллӣ қаламфарсоӣ ва ҳидоятгариҳои устод Лоиқ Шералӣ ва ҳампоёну ҳаммаслакони ӯ боис шуд, ки мо ба ҳам оем ва бо ҳам созем.

Фарёди бефарёдрас

Охирин нолаҳои ҷонгудози ӯ “Фарёди бефарёдрас” гувоҳномаи хештаншиносӣ ва ваҳдатхоҳии ин шоири олитабори тоҷик аст:

Илоҷи иллати носури миллат,

Ба ҷуз ваҳдат, ба ҷуз ваҳдат набошад.

Ва ҳам ӯст, ки мегӯяд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷавоизи «Комсомоли Ленинӣ», «Нилуфар», Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ яке аз шоирони забардасти порсигӯи ҷаҳон асту ашъораш шаҳпуле миёни шеъри дирӯзу имрӯзу фардои мо. Саҳми устод Лоиқ барои хештаншиносии миллати тоҷик беназир аст. Устод Лоиқ бемуҳобот чеҳраи мондагори таърихи Тоҷикистони муосир аст.

Абдулваҳҳоби Холмуҳаммад,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *