Ман намемирам, ман нахоҳам мурд…

Бақои одамӣ ҳич аст! Шумо магар боре фикр кардаед, ки ин замона хубонро зуд аз байнӣ мо мебарад? Надонам, ки чаро? Вале мутмаин ҳастам, ки он Кирдугор намехоҳад асилзодагонаш бори гарони зиндагиро душбор дошта бошанд? Ва барояшон шарот фароҳам меоварад, ки дар мудати кутоҳтарине ном бароранду бармақоми хосташ бирасанд. Ва агар чинин нест, пас ин ҳама сохтанҳо дар тӯли чанд соату рӯзу моҳ чист?  Шарифмардонро ба чунин рӯз насибгардонад ва ишонро зуд аз байнамон бирабояд, ки тамоми умр мо баёдашон бисӯзем…

Ва ҳамин додари азизу нозпарвару меҳрубону накуному зиндаёди моро қисмат чунин буда.  Мо ҳамагон, имрӯз, 17 апрел, раиси ҷавону муваффақ ва ободкору созанда, шахсияти хоксору самимӣ ва дурандешу қавиирода муҳтарам Тоҳир Азиззодаро, ки зодрӯз дораду агар умр вафо мекард ин додари азизи мо ба синни камолоти умру дониш — 40-солагӣ қадам мениҳод, самимона таҳният мегӯем.

Вохӯрии раис ба мардуми ноҳияи Исфара

Дил  мехоҳад чанд ҷумлае оид ба ҳамаи он корҳое ки дар як муддати кутоҳ таҳти роҳбари ин фарзанди фарзонаи диёр дар ноҳия амалӣ шуданд, гуфта бошам.

Бо омадани Тоҳир Азиззода корҳои созандагӣ нафаси тоза гирифтаву Мастчоҳи имрӯза ба майдони нангу номуси аҷдодӣ табдил ёфт. Ташаббуси раиси муҳтарам — эълони «90 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 23-солагии Ваҳдати миллӣ» аз ҷониби аҳолӣ бо ифтихору хурсандӣ қабул гардидаву пиру барнои ноҳия барои ободии бештари Мастчоҳ худро масъул медонанд…

Дар даромадгоҳи ноҳия рамз — муҷассамаи меҳнатдӯстии мардуми ноҳия низ бо ташаббуси раис қомат рост мекунад, дирӯз корҳои сохтмони он оғоз шуданд…

Бори аввал дар таърихи ноҳия 6 га партовгоҳе, ки аз замони шӯравӣ боқимондаву табъи сокинону меҳмонони ноҳияро хира мекард, тоза ва ба тартиб оварда шуд… Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар 3 моҳи соли 2020 муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ коҳиш ёфтаву ба раиси ноҳия афзудааст, яъне мардум ба раиси нав бовар доранд, арзу мушкилоташон дар сатҳи ноҳия баррасӣ мешавад.

Мо ҳамеша дар ҳар нишасту ҷамъомадҳо бо чунин фарзандони бананагу ори миллат фахр карда, аз кору пайкои ин зидаёдҳо нақлҳову хотираҳоро ба ояндагон хоҳем гуфт. Ёдатон гиромиву номатон вирди забонҳо бошад. Ҳамеша дар хотиротамон ҷовидону накуному некфарҷом хоҳед монд!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *