Ман ориёиям

Масъуди Сипандро маъшуқааш ватан асту динаш Эрон

Ҳафтаи гузашта бо эҳтимоми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» устод Масъуди Сипанд ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.  Ҳангоми ворид шудани шоир ба толори калони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз баландгӯяк таронаи «Ман ориёиям» бо овози таронасарои овозаманд хонум Марям Ҷалолӣ (оҳангсоз шавҳарашон Маҷид Хаставон ва виростор писарашон Амир Хаставон) садо дод ва ҳозирин ҳама ба по бархоста, ташрифоварии меҳмонро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Дар ин ҳамоиш раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдулло Ҳабибулло, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва дигар эҷодгарони шинохта иштирок доштанд.

Масъуди Сипанд бо донишиёну фарҳангиён суҳбати ҷолибе дошт, ки муҳтавояш бештар иборат аз сипоси самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар ҳошияи ин вохӯрӣ  хостаем, ки дидори хонандагони гаронмояро ба гуфторҳои яке аз чеҳраҳои мондагори ҷаҳони сухангустарии форсизабонон, соҳиби шеъри овозаманди «Ман ориёиям» Масъуди Сипанд ҷалб намоем.

Устод Масъуди Сипанд соли 1943 дар Берҷанди Эрон дида ба гетӣ кушода, бузургшудаи шаҳри Машҳади он кишвар аст. Масъуди Сипанд пас аз истиқрори ҳукумати исломӣ, чун бузургони дигари Эрон, ба сони Нодири Нодирпур, Оғо Бузург Алавӣ, Сиёвуши Касроӣ ва садҳо андешапешагони дигар аз меҳан хориҷ шуда, кишварҳои Аврупову Амрико (аз ҷумла ӯ Калифорнияи ИМА)-ро зистгоҳ гузидаанд. Шоири чирасухан инак бори даҳум аст, ки бо даъвати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба кишвари мо ташриф оварда, дар ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ иштирок кардаанд. Ҳоло чандест ба гуфтаи худашон, дар меҳани дуюми хеш мебошанд.

Ишқи Масъуди Сипанд ба Меҳан ва эронитаборон пояи корҳои эҷодии ӯст. Ин ишқ ӯро ба корҳои фарҳангӣ мекашонад, ки офаридаҳояш эрониён ва тоҷикони зиёдеро бо гароишҳои гуногуни фикрӣ ба худ ҷалб мекунад. Кори дигари эҷодии устод ҳамкорӣ дар интишори маҷаллаи  «Ховарон» дар Калифорния аст, ки беш аз 4 сол ба ин тараф онро идома мебахшад. Кори бузурги дигаре, ки устод пеш мебарад, таҳия ва пахши барномаи телевизиониест, ки бо моҳвора пахш гашта,  эронитаборони ҷаҳонро бо ҳамдигар ошно мекунад.

Яке аз китобҳои Масъуди Сипанд «Бӯи ҷӯи Мулиён» унвон дорад, ки дар ин китоб шоир таассуроти  худро аз дидаи як шахси дур аз меҳан, ки ба кишвари ҳамдилону ҳамзабононаш Тоҷикистон омада,  гумкардаҳои худро бозмеёбад, ба қалам овардааст. Дар як ҳолномаи ӯ омадааст, ки «Барои Масъуди Сипанд танҳо машҳадӣ, теҳронӣ, табризӣ ва ғайра эронӣ нестанд. Ӯ тоҷикон, афғонҳо ва кулияи форсизабононро мухотаб қарор медиҳад».

Агар гуфта шавад, ки офаридаҳои Масъуди Сипанд, ба сони эҷодиёти устод Абулқосим Лоҳутӣ саросар ба мавзӯи меҳан бахшида шудаанд, иштибоҳ нахоҳем кард. Устод Сипандро маъшуқааш ватан аст, динаш Эрон аст, дарду ғаму хаёл ва ҷисму ҷони дар ғурбат афтодааш ватан аст.

Ҳангоми пеши чашм овардани офаридаҳои шоири меҳансаро, намоду ташбеҳоти бешумореро дар бозтоби ватан метавон мушоҳида кард, ки тозаву нобу дастнахӯрдаанд ва дар он сароишҳо ба забонзадаҳои тавсифӣ роҳ дода нашудааст. Устод ошуфтагиҳои меҳанро ба гунаи «Фарҳанги сутургат  шуда бозичаи тозиён, Он порсии ноби шакар андар шакарат ку?», «Чӣ балое ба сари боғ омад», «Дарёи Порс будиву шудӣ Халиҷи Форс, Инак шудӣ Халиҷи Араб» ва монанди он бозгӯ намудааст. Аз ҷумла дар шеъри «Чӣ балое ба сари боғ омад» фармудааст:

Чӣ балое ба сари боғ омад,

Ки на баргаш сарсабз,

                            На гулаш шодоб аст.

Сари он шоха, ки як рӯз қанорӣ мехонд,

Зери он бутта, ки қумрӣ мезист,

Шевани буму кулоғ аст имрӯз.

Боғ…..

 Аз дард,

Чӣ доғ аст имрӯз.

Хушаҳои шеъри Масъуди Сипанд  дар хирмани адабиёти форс – тоҷик чашмгир буда, сурудаи овозаманди «Ман ориёиям» чунон тавоност, ки ба дили ҳар як меҳанпарасти тоҷику эронӣ рахна кардааст:

                            Пайванди ман бо меҳани ман ногусастанист,

                            Ман ориёиям!

Зиндаёд Муҳаммад Осимӣ, собиқ Президенти Академияи илмҳои  Тоҷикистон шеъри зебое дар тавсифи устод Масъуди Сипанд суруда буд, ки аз он  чунин сатрҳои меҳрофариро метавон дарёфт ва мо ҳам навиштаи худро бо он хотима мебахшем:

Ту зи сулолаи Бӯ Муслими Хуросонӣ,

                            Ту баркашидаи Яъқуби Лайси Сомонӣ.

                            Саманди саркаши андешаҳои Хайёмӣ,

                            Сипанди оташи Фирдавсии Хуросонӣ.

Сипос бар ту Сипандо, сипосе аз дилу ҷон!

                            Ба пои ту резам, ки ҷону ҷононӣ!

Зафар Мирзоён,

шаҳри  Кӯлоб

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *