Ман шавҳардузд нестам!
Замира ном дорам! 23- сола ҳастам. Ду сол пеш бо хоҳиши волидонам ба шавҳар баромадам. Шукри Худо зиндагиям тинҷу осуда аст. Соҳиби як писарчаи дӯстрӯяк ҳастам.
Шавҳарам ва аҳли оилаашон одамони бофарҳанганд. Ҳангоме, ки ба ин оила арӯс шуда омадам, дар курси сеюми Донишгоҳи тиббӣ мехондам ва ҳоло таҳсиламро давом дода истодаам. Аз зиндагии оилавиам ягон шикоят надорам, вале рафтори зани якуми шавҳарам асабҳои маро хароб карда истодааст.
Шавҳарам аз ҳамсари авалаш бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудааст. Онҳо дар чандин беморхонаҳо табобат гирифта бошанд ҳам, нахли умрашон боровар нагаштааст. Табибон ба онҳо тавсия додаанд, ки ҷудо шуда, оилаҳои нав барпо намоянд. Шавҳарам баъди расман аз ҳамсараш ҷудо шудан маро интихоб кард ва мо бо ризоияти волидонамон, бо тӯю тамошо риштаи тақдирамонро бо ҳам пайваста, дар байни як сол соҳиби писарчаи зебое шудем. Судоба, зани якуми шавҳарам тобу тоқати дидани хушбахтии собиқ ҳамсарашро накарда, кӯшиш карда истодааст, ки бо кадом роҳе набошад, ба косаи бахти мо заҳр бирезад. Вай ҳар саҳар сари роҳамро гирифта, маро бе ягон сабаб таҳқир мекунад, суханони нешдор мезанад, хулоса ба асабам мерасад. Мехоҳам аз минбари баланди “Оила” ба ин зани беандеша бигӯям:
-Судоба, Худованд ба ту фарзанд надода бошад, айби ман чӣ, охир ман шавҳари туро аз оғӯшат кашида нагирифтаам-ку?! Чаро дар тамоми бадбахтиҳои ба сарат омада ту маро гунаҳкор мекунӣ? Ман туро зӯран аз хонаву дарат берун накардаам ё шавҳаратро аз оғӯшат кашида нагирифтаам, ки ин қадар доду фарёд зада, аз ман қасос бигирӣ. Бадгӯиро бас кун, вагарна ба таҳқирҳоят чунон ҷавоби дандоншикане медиҳам, ки аз таваллуд шуданат дар ин дунё пушаймон мешавӣ!
Замира, маҳаллаи Хуҷанбиёи Боло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ