Манъ шудани истифодаи расми хук ҳамчун рамзи соли нав

Мақомоти Туркманистон ҳамчун ороиши солинавӣ истифода бурдани расми хукро манъ карданд. 

Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди манъи истифодаи тасвирҳои хук қарор ё фармони расмие содир нашудааст. Вале дар ҳоли ҳозир, дар ороишҳои шаҳр рамзи соли нав дида намешавад.

«Соли гузашта дар фурӯшгоҳу бозорҳо алакай аз моҳи октябр туҳфа ва ороишҳои солинавӣ бо расми рамзи соли нав — саг ба фурӯш баромада буданд. Вале ҳоло рамзи соли навро дар ягонҷо наметавон пайдо кард», — гуфт хабарнигор.

Чанде пеш президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳукумат хост, шаҳрро дар арафаи соли нав бо шакли миллии туркманӣ ороиш диҳанд. Вале дар мавриди манъи истифодаи расми хук чизе гуфта нашудааст. Нозирони умур набудани ороишҳои солинавӣ бо расми хукро ба фармони эҳтимолии президент дар мавриди манъи истифодаи он рабт медиҳанд.

Бояд гуфт, бештари аҳолии Туркманистон пайрави дини Исломанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *