Ман тамоман дигарам

Шоҳбегим Маликшоева 16 марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2014 факултети филологияи ДМТ-ро хатм кардааст.

Номзади илмҳои филологӣ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Муаллифи маҷмӯаи шеър бо номи “Пайғомбарг” аст.

Намунаи ашъораш дар нашрияҳои даврӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба нашр расидаанд. Дорандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш мебошад.

ҚУФЛ

Дили ту қасри зарин асту афсӯс,

Дари пӯлодияш якумр баста.

Калидашро бидеҳ бар ман, мабодо,

Дилатро бишканад ин дилшикаста!…

Калидашро ба ман биспурдарӯзе,

Ба фардо ҳам маро даъват намудӣ.

Ба сад уммед фардо чун расидам,

Ту қуфли дигаре бинҳода будӣ.

ДАРУНИ ЧАШМҲОЯТ…

Даруни чашмҳоят мезанам дил,

Даруни чашмҳоят мекашам оҳ.

Даруни чашмҳоят менишинам,

Даруни чашмҳоят меравам роҳ.

СОАТИ САОДАТ

Зиндагии дили ман ба тамомӣ дигар аст,

Мисли ман ҳеҷкас ин гуна будан натвонад.

Ман тамоман дигарам

На ба мисли дигарон.

Ва далели ҳама ин соати девори ман аст,

Ки зи поён ба қафомепӯяд

Ва ҳамон соати бо ту бударо

Зи раҳи омадааш меҷӯяд.

Ва далели ҳама тақвими ман аст,

Ки зи тақвими замон фарқ кунад:

Сафҳаҳоро ба қафо месипарад

Ва ҳамон рӯзаки бо ту бударо

Сафҳаи аввалу ҳам охири худ мешумарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *