Ман терорист нестам, мегӯяд Шаҳром Хоҷазода

Шаҳроми Хоҷазода, як ҷавони 22-солаи зодаи шаҳри Ваҳдат, ки дар Русия барои терроризм ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, дар як нома аз зиндон ба сафорати Тоҷикистон навиштааст, ки ӯ ягон гуноҳ надошт ва пулиси Русия бо тӯҳмат ба пешонии вай тамғаи «террорист” задааст.

Дар моҳҳои охир ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар бораи чандин мавриди боздошти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бо иттиҳоми терроризм гузориш медиҳад. Дар видеоҳое, ки ФСБ нашр мекунад, дида мешавад, ки чигуна афсарони ин идора ба дастони афроди гумонбар ба терроризм завлона мезананд ва аз ҷайб ё ҷои хоби онҳо ё силоҳ, ё адабиёти мазҳабӣ ваё ҳадди ақал билети парвоз ба Туркияро пайдо мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон алакай чандин бор бонги изтироб баланд кардаанд, ки аксари ин боздоштҳои як саҳнасозист ва муҳоҷирони бечора бе ягон гуноҳ қурбони маъракаи афзояндаи мубориза бо террор дар Русия шуда истодаанд.

Як манбаи муътамад нусхаи мактуберо ба даст овард, ки Шаҳроми Ҳоҷимурод Хоҷазода, санаи таваллудаш 05.12.1994, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон аз зиндон бо даст дар 4 варақи дафтар ба номи сафорати Тоҷикистон дар Русия навиштааст. Шаҳроми Хоҷазода менависад, ки ӯ ягон гуноҳ надошт, вале мақомоти амниятии вилояти Тула ӯро бо «подстава” ба пешониаш тамғаи «террорист” заданд ва 10 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар ибтидои моҳи апрел раёсати ФСБ дар вилояти Тула хабар дод, ки додгоҳи низомии ҳавзаи низомии Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро пиҳам бар асоси моддаи 205.5-и Кодекси ҷиноятии Русия (иштирок дар фаъолияти созмоне, ки дар Русия созмони террористӣ эътироф шудааст) ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

ФСБ гуфт, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон замоне боздошт шуданд, ки алакай барои парвоз аз фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав ба Истамбули Туркия билет харида буданд ва мехостанд аз тариқи Туркия худро ба Сурия бирасонанд ва ба сафи созмони террористии ДОИШ («Давлати исломӣ”) бипайванданд.

Исми ин ду шаҳрванд дар иттилоияи расмии ФСБ оварда нашуд, вале дар видеое, ки нашр шуд, дида мешавад, ки яке аз билетҳо ба парвози Маскав – Истамбул ба номи Комилҷон Шарипов ва бо пули нақд харида шудааст.

Нафари дувум дар ин парванда ҳамин муаллифи мактуб аз зиндон ба номи сафорати Тоҷикистон Шаҳроми Хоҷазода будааст.

Шаҳром дар ин нома ҳама азоби ба сараш омадаро рӯи қоғаз фурӯ рехтааст:

«Салом алекум, сардорони азиз. Ман, Хоҷазода Шаҳроми Ҳоҷимурод, 05.12.1994. Шиносномаам тоҷикӣ аст, худам ҳам тоҷик ҳастам. Истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ҳастам.

Сардорони азизам. Ман дар вилояти Тула зиндагӣ мекунам, шаҳри Алексино, кӯчаи Горкий, хонаи 4, кв. 22.

Сардорҳои азиз. Манро подставить карданд милисаҳо. Илтимос, маро дастгирӣ кунед. Ман касе надорам ғайр аз шумо.

Сардорҳои азиз. 8 октябр нозири минтақавӣ (Руслан Баламетов) омад хонаи мо, бачаҳоро тафтиш кард. Баъд манро ҳам тафтиш кард. Ман сабти ном ва корти муҳоҷират доштам. Манро гуфт, ки паспорти туро мебарам ба шӯъба, тафтиш мекунам, ки дар ҷустуҷӯ набошӣ. Ман аввал розӣ нашудам. Ва ӯ ба ман гуфт, ки рақами маро навис. Ман рақамашро дар телефонам навиштам. Баъд аз байни 5 рӯз гузашт, ки рӯзи 13 октябр чанд бор ба ман занг зад ва ҳатто СМС навишт, ки ман нозири минтақавиам. Ман телефонашро бардоштам ва ӯ ба ман гуфт, ки 13.10.2016 ба шӯъба биё. Ман ҳамин хел кардам, рафтам ба шӯъбаи пулис, навбатдор ному насабамро навишт дар журнал, баъд маро роҳ дод, ки ба шӯъба дароям. Ман даромадам ва рафтам ба ҳуҷраи 35.

Нозири минтақавӣ ба ман гуфт, ки биист, ман мошинамро парк кунам, меоям. Руслан рафт берун ва вақте омад, манро гуфт, ки рафтем, дар берун гап мезанем. Мо ба берун рафтем, ба пеши дари ақиби шӯъба. Онҷо як мошини «Газел” истода буд, «Газел”-и сафед. Аз «Газел” 4 кас фаромад, манро заданд ва дар «Газел” савор карданд. Телефонамро қатӣ соати дастамро ҳам гирифтанд. Маро латукӯб карданд, ки дар паспортат билети электронӣ ҳаст. Ман гуфтам, ки паспортам 5 рӯз мешавад дар шӯъбаи пулис буд.

Маро овардан ба шари Тула ва дар кисаи ақибам паспортро қатӣ билет монданд ва дар камераҳо ба навор гирифтанд.

Сардорҳои азиз. Боз як тоҷики дигарро ҳам қатии ман подставить карданд. 6 моҳ гузашт ва вақте моро якҷо бо ҳам шиноскунӣ бурданд. Дар онҷо харитаҳои Сурия, Украина буд. Ба ман гуфтанд, ки аз хонаат ёфтем. Боз 3 билет ба номи ман, Шарипов Комилҷон, ки мани набуда харидаам, ва Мақсудов Назар. Ба номи 18.10.2016 Маскав – Истамбули Туркия.

Сардорҳои азиз. Ман ҳатто дар касса набудам, маро аз шӯъбаи пулиси Алексино гирифтанд ва бурда, гӯё дар Тула қапиданд. Маро 30 март 10 сол ҳукми зиндони низомаш шадид доданд.

Илтимос, дастгирам кунед! Ман боя гон террорист гап намезанам ва инҳо маро бо моддаҳои 230, қисми 1 ва 205.5айбдор карданд.

Шоҳидони манро ба додгоҳ фарёд накарданд, онҳоеро, ки маро дар беруни шӯъбаи пулис мунтазир буданд. Ҳамон рӯз маро аз шӯъбаи пулис гирифта бурданд ба шаҳри Тула. Вале дар додгоҳ гуфтанд, ким ан ҳамон рӯзи 13.10.2016, соати чори бегоҳӣ билет харида бошам.

Маро боз рӯзи 17.11.2016 ҳамин ду нафаре ки манро бо ҳамроҳи рафиқонаш латукӯб мекарданд, ки дар гуноҳам розӣ шавам, ҳаминҳо рӯзи 17.11.2016 боз омаданд, ки зӯриашонро боз нишон диҳанд дар СИЗО1 шаҳри Тула.

Инҳо номҳояшон Настасиевский С.А., Лазарев Игор Владимирович. Моро бозӣ зӯриашонро нишон доданд, ки розӣ шавем дар гуноҳамон.

Илтимос! Ман ба прокуратураи шаҳри Тула шикоят навиштам, ҷавоб намедиҳанд. Илтимос, дастгирӣ кунед маро, сардорҳои азиз!

Камераҳои касса ҳамон рӯзе ки билет харидаанд, кор намекардааст. Ва камераҳои шӯъбаи пулис низ 13.10.2016 кор намекардааст.

Маро чихел аз шӯъбаи пулис раҳоям кардаанд, боз ҷарима?

Маро дар додгоҳ мегӯянд, ки ту аз шӯъба соати 9:40 баромадӣ ва ба шари Тула билетхарӣ омадӣ. Ман ду нафар шоҳид дорам ва онҳо дар беруни шӯъба мунтазири ман буданд. Маро сар надоданд аз шӯъба!

Дар додгоҳ нозири минтақавӣ Руслан мегӯяд, ки ман ба шӯъба надаромадаам. Вале дар санадҳо ҳаст, ки ман даромадам ба шӯъба.

Судя маро гӯш накард ва 10 солам дод. Илтимос, аз барои Аллоҳ, ёрдам кунед!

Бо эхтиром, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳроми Хоҷазода

Илтимос! Ин дуюм маротиба аст, ки менависам, сардорҳои азиз!
Аммо ҳоло ки нома билохира ба дасти сафорат расидааст, умедворем, ки масъулони сафорати Тоҷикистон ба қазияе, ки ба сари ин ҷавони тоҷики бечора омадааст, расидагӣ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *