Манаҳ дар даст: 7 нафар як касро заданду бе ҷазо мемонанд? (АКСҲО)

Субҳи 29 ноябри соли ҷорӣ ҳангоме, ки омодаи супоридани шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” будем, Бердиев Акбаралӣ Қурбоналиевич,  сокини Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат занг зад ва дарди дил кард:

-Дар пушти ҳавлиамон камтар  замин аст. Ҳамсояаамон Зокиров Абдуалим Зокиров  маро барои ҳамин замин ба суд дод. Баъд аз як соли даводаву саргардониҳо  суд қарорашро бароварду  танҳо 30 фоизи заминро иҷозати истифода доданду халос. Ҳалномаи суд омадан баробар ҳамсоя трактор оварда, заминро шудгор кардан хостанд. Вале ман аз хона баромаду садди роҳи онҳо шудам, чунки ҳоло замин тақсим нашуда буд. Ҳамин вақт онҳо аз хона баромаданду бо ман даст ба гиребон шуданд, вале  модарам омада нагузошт, ки ҷанг шавад. Додари Абдуалим- Абдухалил гуфт, ки одам мемонам туро мешикананд. Рӯзи 10 ноябр бошад, ҷиянашон Фаридуни  Ҷаббор, ки дар курси дуюми ДМТ,  факултети  ҳуқуқшиносӣ мехонад, пеши хонаамон омад. Падарам ӯро аз дарвоза пеш карду гуфт, ки ту кӯдак ҳастӣ, ба чунин корҳои одамони калон дахолат накун. Ӯ маро ба болои деҳа “ба як ба як” даъват кард , аммо ман  нияти ҷанг кардан надоштам, вале  аз рӯи мардигарӣ ба мошинаш  нишастем. Гуфт,  ки ту маро ҳақорат кардӣ, ба хотири рӯзи ҷумъа аз ӯ бахшиш пурсидам. Боз гуфт, ки ту тағоямро ҳақорат кардӣ, не гуфтам. Ба тағояш телефон кард, ки ӯ ин суханро рад кард. Баъд  рақамҳои телефонамро гирифту бо ҳам хайрухуш кардем. Ман ба шаҳри Душанбе омадам. Дар роҳ будам, ки занг зад, ки Ҳоҷӣ Халил мегӯяд, ки биёяд як маслиҳат кунем, тақсимоташро бо ҳамдигар машварат кунем, дигар ҷангу ҷанҷол нашавад. Баъди бозгаштам аз Душанбе  боз занг зада, ба болои деҳа (500 м болотар) даъват кард. Вақте дар мошин нишастам, бо суръати баланд онро ронд. Дар миёни ду чорроҳа, байни заминҳои хоҷагӣ, ки як роҳи трактор медаромадагӣ будааст, даромад. Аз пеши мошин як ҷавони зардинаи бо тануман ҳамон ҷо интизори мо буд. Маълум буд, ки онҳоро пеш аз ман оварда мондаасту баъд барои ман рафтааст. Ман аз мошин фаромадам ва  масофаи байни мо 1 метр буд. Аз паси дарахтони тут боз  як нафари дигар баромад. Ба Фаридун гуфтам, ки номард ба сари ман одам овардӣ, ки маро зананд? Боз овоз баромаду ду нафари дигар баромад ва  шаттаи якумашон дар манаҳам зад, ки  аз зарбаи сахт  чашмонам сиёҳ шуду ба замин афтидам. Онҳо беист задан гирифтанд, ҳамин хел дигар ҳеҷ чизро дар хотир надорам. Як вақт ба ҳуш омадам, ки сару рӯям пур аз хун асту дар замин хобидаам. Аз деҳаи Тиллои сафед, ки як  хонанда, ки дар синфи даҳум мехондааст, бо дучарха мегузарад ва маро  мебинад. Гуфтааст, ки онҳо ҳафт  нафар будаанд, лекин ман худам танҳо чортоашро дида будам. Ҳамон писар маро аз пушти дарахт нигоҳ кардааст, ки чӣ кор мекунам. (Волидони шоҳид илтимос карданд, ки писари моро дар ҷанҷолатон ҳамроҳ  накунед). Вақте ман ба ҳуш омадаам, чанд бор аз ҷоям хестааму афтидаам. Баъди шустани дасту рӯи пурхун  ба  роҳи калон баромадам. Як мошин то назди хона оварду акаамро ҷеғ зад. Бародаронам маро аз мошин ба дигар мошин шинонда, рост ба беморхона бурданд. Вақти рентген карда, аз дари беморхона баромадем,  кормандони милитсияи шаҳри Ваҳдат аз наздам баромаданду хостанд ба шуъба баранд. Ҳамин вақт ҳамсарам бо таксӣ пайдо шуд ва мо ба сӯи шаҳр равон шудем, чунки духтурони шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки манаҳи туро муоина карда наметавонем. Вақте ба беморхонаи Ёрии таъҷилӣ расидем, дар қайд гузоштанд ва ба беморхонаи Қарияи боло равон шудем. Дар роҳ занг заданд, ки акаҳоятро дар шуъбаи милитсия  маҳкам кардаанду озод намекунанд. Баргашта ба шӯъбаи милитсия омадем, маро дароварданду аз ман баёнот гирифтанд. Ҳамаи ҳодисаро ботафсил нақл кардам. Дар ин вақт Абдуалим аз дар даромад. Ба ӯ гуфтанд, ки ҷиянат ин ҷавонро задааст. Ба ман фармон доданд, ки дастатро гир, вақте дастамро гирифтам, ки манаҳам афтид. Инро дида Абдуалим гуфт, ки хубат карданд, ҳоло ҳам кам задаанд.

Баъди як соат маро ба беморхона бурданд, ки аллакай духтурҳо рафта буданд, то саҳар ягон дору накарданд, манаҳам дар дастам, азоб кашидам.

Фаридун бошад баёнот додааст, ки ин корро ман танҳо кардам, ҳатто қасам мехӯрад. Боз мегӯяд, ки ман задам, сараш тоб хӯрдааст, ба назараш  одами бисёр намудааст. Гуфтам, не ҳамаашро  дар ёд дорам. Ҳамаи суханҳое, ки дар дохили мошин гуфтаам, чанд нафаре, ки аз таги дарахтони тут баромаданд, дар хотирам аст. Аз байн 20 рӯз гузаштааст, вале то ҳол он ҷавонҳоро наёфтаанд. Нағз дар хотирам ҳаст, ки дар зарбаҳои аввал Фаридун 1 метр аз ман дур, агар баъди аз ҳуш рафтанам назада бошад, намедонам.

Ҳар вақте ба милитсия даъват мекунанд, меравам, ҳеҷ кореро анҷом  намедиҳанд. Боз даъват доранд, ки баёнотатро гиред. Дирӯз рафтем, мегӯянд, ки агар он ҷавоноро бахшӣ, коратро мебинем, агар не…Фарзона Аминова, ҳамсари Акбаралӣ Бердиев  дар идомаи суҳбати телефонӣ бо мо гуфт, ки дандонҳои шавҳарам бо симҳо баста шудааст, ба ғайр аз об чизе хӯрда наметавонад. Хуб мешуд, ки мақомоти болоӣ ба ин мушкилоти мо расидагӣ намоянд.

Маҳинаи Давлат

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *