Манъи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ

Дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе шурӯъ аз имрӯз 1-уми октябр ҳаракати нақлиёт қатъ гардид. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

“…Бо мақсади анҷом додани корҳои азнавсозӣ дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ (аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Карамов) аз 1 октябри соли 2024 то 25 июли соли 2025 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда мешавад”, — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Ҳаракат дар ин масир ба далели анҷоми таъмир мутаваққиф мешавад, иттилоъ дод шаҳрдорӣ.

Бинобар ин аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *