Манъи ҳиҷоб: Қадами баъдӣ чӣ хоҳад буд?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта қонунеро ба имзо расонд, ки бар зидди либосҳои «бегона», ҳифзи суннатҳои миллии тоҷикӣ, пешгирии паҳншавии хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст.
Ин қонун бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии паҳншавии либосҳое, ки ба фарҳанги тоҷикӣ мухолифанд, қабул шудааст. Қонунгузорон таъкид мекунанд, ки ин тадбирҳо барои муҳофизати фарҳанги миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ заруранд. Тибқи ин қонун, инчунин пӯшидани либосҳое, ки ба анъанаҳои миллии тоҷикӣ мувофиқ нестанд, манъ шудааст.
Тасмими қабули ин қонун баҳсҳои гуногунро дар ҷомеа ба миён овардааст. Иддае агар ин қонуни барои ҳифзи анъаноти миллӣ нигаронидашударо хуб пазироӣ карда бошанд, гурӯҳҳо ва афроде низ буданд, ки онро бар манфиати сиёсии худ истифода намуда, хостанд тафриқаандозӣ дар ҷомеаро роҳандозӣ намоянд. Баъзеҳо ин қонунро ҳамчун роҳи муҳофизати арзишҳои миллӣ ва амнияти ҷомеа мебинанд, дар ҳоле ки дигарон онро ҳамчун маҳдуд кардани озодиҳои шахсӣ ва динӣ мешуморанд.
Бо вуҷуди ин, мақомот изҳор доштаанд, ки ҳадафи ин қонун пешгирии ифротгароии динӣ ва ҳифзи фарҳанги миллии тоҷикӣ мебошад. Онҳо бовар доранд, ки ин тадбир ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард.
Оё иқдоми Тоҷикистон дар мавриди манъи бастани ҳиҷоб ягона аст? Тавре воқеият шаҳодат медиҳад, дар баъзе кишварҳои дигар низ бо сабабҳои гуногун бастани ҳиҷоб манъ аст.
Фаронса
Фаронса яке аз аввалин кишварҳо буд, ки бастани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ кард. Соли 2004 қонуне қабул шуд, ки пӯшидани либосҳои мазҳабиро дар мактабҳои давлатӣ манъ мекунад. Соли 2010 бастани ниқоб, ки рӯйро пурра мепӯшонад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд.
Белгия
Белгия низ дар соли 2011 бастани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард. Ин қонун ба ҳиҷоби рӯйпӯш (бо ниқоб) дахл дорад ва ҳамчун тадбири бехатарӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон тавсиф шудааст.
Нидерландия
Нидерландия соли 2019 қонуне қабул кард, ки бастани либосҳоеро, ки рӯйро пурра мепӯшонанд, дар мактабҳо, бемористонҳо, биноҳои ҳукуматӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ мекунад.
Олмон
Олмон дар соли 2017 қонуне қабул кард, ки бастани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар биноҳои ҳукуматӣ, мактабҳо, судҳо ва артиш манъ мекунад. Ҳадафи қонун таъмини муошират ва шиносоӣ мебошад.
Итолиё
Дар Итолиё қонунҳои маҳаллӣ дар баъзе шаҳрҳо бастани ниқобро манъ кардаанд. Соли 2010 як шаҳр дар минтақаи Ломбардия бастани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард.
Қазоқистон
Дар Қазоқистон пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ манъ карда шудааст. Ин манъ кардан ба таъмини мукаммали арзишҳои дунявии кишвар вобаста аст.
Марокаш
Марокаш дар соли 2017 истеҳсол ва фурӯши ниқобро манъ кард. Ин тадбир бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз истифодаи ниқоб барои пинҳон кардани шахсият қабул шудааст.
Чин
Дар минтақаи Шинҷони Чин, ки аслан аҳолии мусулмони уйғурӣ зиндагӣ доранд, бастани ниқоб ва ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шудааст. Ин манъкунӣ як қисми сиёсати ҳукумат мебошад, ки ба мубориза бо экстремизми мазҳабӣ нигаронида шудааст.
Туркия
Туркия таърихи дурудароз дар масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дорад. Дар гузашта, бастани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо манъ буд. Аммо, дар солҳои охир, ин маҳдудкунӣ кам карда шуд ва ҳоло ҳиҷоб дар бисёр ҷойҳо иҷозат дода шудааст.
Тунис
Дар Тунис бастани ниқоб дар муассисаҳои давлатӣ манъ аст. Ин амал дар соли 2019 бо мақсади таъмини амният қабул карда шуд.
Ӯзбекистон
Президенти Ӯзбекистон 31-уми октябри соли 2023 қонунеро имзо кард, ки барои ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо рӯйи пӯшида аз $270 то $400 ҷарима пешбинӣ мекунад.
Дар як қатор кишварҳои мусалмонӣ, масалан дар Эрон, дар сатҳи давлатӣ полиси ахлоқ таъсис дода шудааст, ки риояи қатъии либоси динӣ барои ҳамаро назорат мекунад. Дар кӯчаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ камераҳо насб шудаанд, ки занонро бе рӯймол пайдо намуда, онҳоро ҷазо медиҳанд.
Хулоса
Манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҳамчун як қадами муҳофизати анъанаҳои миллӣ қабул шудааст. Таҳти ин қонун, ҳукумат талош мекунад, ки бо хурофот мубориза барад.
Ҳоло бисёре аз занон, ки моҳияти ин қонунро намедонанд ва кӯркӯрона тақлид ба пӯшидани либосҳои бегона мекунанд, дар дуроҳа қарор доранд. Қонун ба имзо расид, аммо қонунгузор ва дастгоҳи таблиғотиро лозим аст, ки ба мардум шарҳ диҳанд, ки кадом либосҳо ба унсурҳои бегона ва кадоме ба либоси миллӣ тааллуқ доранд. Мушкилтарин марҳила шарҳу тафсир дар ҳошияи ин қонун аст. Хусусан расонаҳо, радио ва телевизионро зарур аст, ки пайваста, зина ба зина моҳияти Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шарҳ диҳанд, бо акс ва видеоҳо либоси анъанавӣ ва миллии тоҷикиро намоиш диҳанду тарғиб намоянд.
Нодира РАҶАБОВА,
сармуҳаррири ҳафтаномаи “ОИЛА”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ