Манъи парвозҳои “Уралские авиалинии” ва “ЮтЭйр”- аз ҷониби Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посух ба маҳдудияти парвозҳои ширкати ватании “Сомон Эйр” дар Русия гуфт, ки таҳримҳои худро ба ду ширкати ҳавоии ин кишвар — “Уралские авиалинии” ва “ЮтЭйр” ҷорӣ мекунад. Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки дирӯз, 4 апрел ба унвонии ҳамкорони русашон нома навишта ҳушдор доданд, ки агар то 6 апрел манъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург лағв нашавад, ҷониби Тоҷикистон 7 парвози ширкатҳои русӣ ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷандро манъ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ