Манъи рекламаи машрубот ва тамоку дар Тоҷикистон

Минбаъд дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ  карда мешавад. Дар иртибот ба ин 31 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид намуданд. Тибқи он шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот,  тамоку ва  маҳсулоти  тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   масъалаи мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат тавзеҳ дод, гуфт, ки  ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани  тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии кишвар   мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *