Манъи рекламаи тамокуву машрубот дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ карда мешавад. Дар робита ба ин имрӯз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
Зикр шуд, ки тибқи қонуни мазкур, ки охири моҳи майи соли равон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, шахсони воқеию ҳуқуқие, ки дар Тоҷикистон машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпараст буда наметавонанд. Ҳадаф аз ин тағйирот ба қонуни реклама ба танзим даровардани тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонӣ арзёбӣ мегардад.
Қонуни мазкур баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишор дар нашрияҳои расмии кишвар мавриди амалӣ қарор хоҳад гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ