Манъи сафари хориҷа бо китоби Қуръон
Як зани туркманро, ки дар бағочаш адабиёти динӣ дошт, ҳангоми бозгашт аз Туркия ба ватан, дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод боздошт ва 24 соат бозпурсӣ карданд.
Ҳодиса охирҳои моҳи декабри соли гузашта рух додааст. Сокини вилояти Лебапи Туркманистон, ки дар Туркия бо раводиди корӣ фаъолият мекард, барои аёдати наздиконаш ба Туркманистон баргаштааст.
Ӯро ҳангоми гузаштан аз назорати муҳоҷират кормандони пулис ва ду марди дигар дар либоси мулкӣ боздошт ва барои бозпурсӣ бурдаанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар дар бораи китобҳои Қуръоне пурсидаанд, ки зан ҳамчун туҳфа ба наздиконаш бурда буд.
Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркия Рӯзибой, ки бо ин зан суҳбат кард, гуфт, «ҳангоми тафтиши бағочи зан чанд дона китоби Қуръонро пайдо карданд. Занро ба маҳзи ворид шуданаш ба фурудгоҳ боздошт ва 24 соат бозпурсӣ карданд».
Ба гуфтаи зан, мардони дар либоси мулкӣ бештар суол медоданд ва аз нигоҳи равонӣ ба ӯ фишор меоварданд. «Ту шарм намедорӣ, ки ин гуна китоб меорӣ. Ту зан ҳастӣ! Дар инҷо мехоҳӣ, таблиғоти сиёсии динӣ ба роҳ монӣ», — гуфтааст сокини вилояти Лебап.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон аз зан хостаанд, ки яке аз китобҳои Қуръонро бихонад. Зан бе таҳорат хондани онро рад кардааст. Дертар ӯро маҷбур кардаанд, ки хонад ва субҳ имоми яке аз масҷидҳои Ишқободро овардаанд ва ӯ низ тасдиқ кардааст, ки калимаҳои арабии хондаи зан дуруст буданд.
Дертар занро дар вилояти Лебапи Туркманистон низ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ бозпурсӣ кардаанд. Занро ҳангоми бозгашташ ба Туркия огаҳ кардаанд, ки сафари ӯ ба хориҷ манъ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ