Манъи содироти шакар аз Русия. Тоҷикистон зарар мебинад?  

Русия содироти шакарро аз 5-уми апрел то 31-уми августи соли равон манъ кард. Ин тасмимро Комиссияи танзими тарифҳои гумрукӣ ва тадбирҳои ҳифз дар савдои хориҷии ин кишвар гирифтааст. Зарурати роҳандозии чунин тадбир “нигаронӣ аз афзоиши содироти шакар ба хориҷа” маънидод мешавад. Воридоти шакар аз Русия ба Тоҷикистон бештар аст. То куҷо ин тасмим ба бозори дохилӣ таъсир мерасонад?

Афзоиши содирот ё ҳадафи дигар?

Вазорати кишоварзии Русия моҳи март хабар дода буд, ки Русия аз 1-уми августи соли 2023 то охири моҳи феврали соли 2024 зиёда аз 700 ҳазор тонна шакар содир намудааст. Ин 3,3 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи гузашта мебошад.

“Маҳдуд кардани содирот ба нигаҳдории ҳаҷми кофии захираҳо ва таъмини шарикон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруРсиё (ИИАО) имкон медиҳад”,- чунин шарҳ додааст ин тадбири худро Вазорати кишоварзии Русия.

Дар хабари Вазорати кишоварзии Русия гуфта мешавад, ки тибқи тавозуни индикативии кишварҳои ИИАО, ҳаҷми мазкури шакар то охири мавсим бояд ба шарикон аз ИИАО фиристода шавад.

Зиён ба Тоҷикистон?

Азбаски Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, ин тасмими Русия метавонад ба бозори дохилии мо таъсир расонад. Зеро ҳамасола ҳудуди 30 фоизи ҳаҷми воридоти шакари Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

Масалан, Тоҷикистон қариб сеяки шакарро соли гузашта аз Русия ворид кардааст. Мутаносибан, бо манъи содироти шакар аз Русия, лозим меояд, ки тоннаҳои камбуди он аз дигар кишварҳо дастрас шавад. Вале бинобар мавҷуд набудани ашёи хом дар дохили кишвар, шакар дар Тоҷикистон истеҳсол намешавад. Ин маҳсулот пурра аз дигар давлатҳо ворид мегардад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли 2023 ба кишвар 141,5 ҳазор тонна шакар ворид карда шудааст. Беш аз 45 ҳазор тоннаи он, яъне ҳудуди 32% аз ҳаҷми умумии воридот ба Русия рост меояд.

Ҳамчунин, шакар аз Покистон ҳудуди 28%, Ҳиндустон 26%, Беларус зиёда аз 12%, Эрон 1% ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз дигар кишварҳо оварда шудааст.

Шероз Ниёзов: Захираи кофӣ дорем!

Ба андешаи таҳлилгарон, манъи содироти шакар аз Русия ба қимматшавии нархи он дар Тоҷикистон таъсир мерасонад. Аммо аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, он чандон таъсири калон надорад. Зеро агентии мазкур ба таври кофӣ шакарро захира намудааст.

Шероз Ниёзов, сардори Раёсати таҳлил ва банақшагирии захираи давлатии агентии мазкур мегӯяд, ки Тоҷикистон бо Беларус шартномаи ҳамкорӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, минбаъд соҳибкорони тоҷик аз дигар кишварҳо шакар ворид хоҳанд кард.

“Баъди манъи содирот аз Русия мо бо Беларус бисёртар ҳамкорӣ мекунем. Болоравии нархи шакар акнун ба ҷониби Беларус вобаста аст, на ба воридкунандагони дохилӣ. Ин кишвар чанд моҳ пеш арзиши як тоннаро 20 доллар қиммат карда буд ва фикр намекунам, ки нарх боз ҳам боло равад. Агар боло ҳам равад, он ба нархҳои дохилӣ таъсири чандон зиёд нахоҳад дошт, зеро мо захираи шакар дорем”,- гуфт Шероз Ниёзов.

Воридот аз талабот бештар

Мувофиқи маълумоти оморӣ, талаботи Тоҷикистон ба шакар 120 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аммо дар соли гузашта бошад, нисбат ба талаботи аҳолӣ беш аз 20 тонна зиёд шакар ворид шудааст.

Ҳоло бошад, арзиши як килограмм шакар дар бозорҳои дохилӣ 10-12 сомонӣ аст. Аммо ба мушоҳида мерасад, ки дар мавсими тобистону тирамоҳ арзиши шакар майли болоравӣ пайдо мекунад. Зеро дар ин мавсим аҳолӣ бо истифода аз шакар барои зимистон ҳар гуна шарбату шириниҳо омода мекунанд. Яъне, “бардорад, зам кун, набардорад, кам кун” ба шиори тоҷирон табдил меёбад. Дар ин ҳолат ниҳодҳои танзиму назорат, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисориро зарур аст, ки пеши омилҳои сунъии болоравии нархро гиранд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *