Манъи тамоми чорабиниҳои варзишӣ дар Тоҷикистон

Шуруъ  аз 25 — уми апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои варзишӣ мавқуф гузошта шуданд.

Қарори манъи бапргузории чорабиниҳои варзишӣ дар ҷараёни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус худи имрӯз 25. 04. 2020 гирифта шуд.

Дар ҷаласаи ситоди мазкур, ки таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, баргузор гардид, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз коронавирус баргузор гардидани чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ манъ карда шаванд.

Ҳамин тариқ, дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ, боздошта шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло мавориди зуҳур кардани маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистону Туркманистон ду кишвари аъзои ИДМ мебошанд, ки аз ин маризии даҳшатбор дар канор монданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *