Манижа ба Роттердам омад, натиҷаи тесташ манфӣ…

Бачаҳо, мо як хабари хеле хуш дорем – натиҷаи тести ҳамаи мо барои коронавирус манфӣ баромад

Ҳунарманди тоҷиктабор ва намояндаи Русия дар Евровидение Манижа Сангин ва дастаи ӯ аввалин бор озмоишҳои коронавирусро дар ин шаҳр супориданд.Манижа пас парвоз ва омадан ба Роттердам,ки дар он ҷо Евровидение баргузор мегардад, дар Инстаграми худ навишт: «Бачаҳо, мо як хабари хеле хуш дорем – натиҷаи тести ҳамаи мо барои коронавирус манфӣ баромад» .Манижа инчунин сатҳи хеле баланди ташкили мусобиқаро дар ин ҷо қайд кард. Евровидение аз 18 то 22 май дар Роттердам баргузор мешавад. Манижа дар нимфинал бо суруди Russian Woman баромад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *