Манижа чӣ гуна тавлид шудани “Russian Woman”-ро гуфт

Манижа Сангин дар сомонаи “ФедералПресс”  нақл кард, ки чӣ гуна сурудашро бо номи “Russian Woman” барои Eurovision-2021 эҷод кард.

Идеяи эҷоди суруди Russian Woman 8 марти соли 2020, вақте ки Манижа дар Тель-Авив дар сафари ҳунарӣ буд, пайдо шуд. Дар он ҷо вай бо навозандагони маҳаллӣ Ори Авни ва Ори Каплан вохӯрд. Ба гуфтаи сароянда, ин суруд дар вақти сабт ихтироъ шудааст.

Манижа гуфтааст, бо вуҷуди он ки ман фишореро, ки ҳар як зан дар тӯли ҳаёти худ аз сар мегузаронад, аз сар нагузарондам, аммо сурудам навишта шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло суруди Манижа Сангин дар ютубканали расмии Eurovision наздики 9 миллион маротиба бозбинӣ шудааст ва дар ҷойи аввал қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *