Манижа дар бораи консерташ дар Душанбе гуфт

Пеш аз консерташ Манижа Сангин дар як мусоҳиба оид ба баъзе паҳлуҳои фаъолияту зиндагии худ қисса кард.

Дар аввали мусоҳиба Манижа дар бораи оиладорӣ ва ҳамроҳ овардани шавҳараш гуфта, таъкид мекунад, ки ният доранд дар Душанбе ҳам тӯйи арӯсиашонро барпо намоянд.

— Тибқи маслиҳати тарафайн, бояд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Грузия тӯйро бо расму оини миллиамон барпо намоем,- гуфт ӯ.

Дар идомаи суҳбат доир ба консертҳои Манижа, хусусан барномаи консертиаш дар Душанбе гуфт мешавад.

— Сабаби ба таъхир афтодани консерт дар Душанбе — ин “мобилизатсия” мебошад. Яъне, қисми зиёди мусиқачиҳои ман мард ҳастанд ва ин иқдом сабаб шуд, ки консертро аз 9-уми октябр ба 24-уми ноябр гузаронем. Медонам, бархеҳо ҳайати кориашон пурра набошад ҳам, консерташонро мемонанд, вале ман ин тавр наметавонам. Илова бар ин, ин консерт дар шаҳри офтобии ман аст,-илова кард Манижа.

Манижа дар хусуси таҳияи суруди дуовозӣ бо сарояндагони тоҷик гуфт, ки дар ин бора фикр накардааст, вале ишора кард, ки бо чанде аз овозхонҳо мехост дуэт бихонад, вале мутаассифона, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки бо вуҷуде қисми зиёди шунавандагонаш русҳо бошанд ҳам, то муҳлати номуайян консертҳои Манижа дар ҳудуди Русия лағв шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *