Манижаи дар ҷустуҷӯ қарордошта “сар”-и ноболиғро хӯрд
Санаи 31. 07. 2017 ду духтарча дар дарёи Сир ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд. Ҷасади духтарчаҳоро волидонашон ва корманди Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд пайдо карданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки онҳо муваққатан истиқоматкунандаи микроноҳияи 18-уми шаҳри Хуҷанд буда, яке 6 ва дуюми 14 сол доштаанд. Кӯдаки шашсола Моҳчеҳра ном дошта зодаи ноҳияи Деваштич будааст ва ноболиғи 14 сола бошад Манижа ном бурда мешавад ва то дами марги ҳодисавораш дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Ман аз ноҳияи Деваштич ҳастам ва он ҷо кору зиндагӣ мушкил аст, аз ин рӯ ба шаҳр омадем, то ин ҷо ризқамонро ёфта рӯзамонро гузаронем. Ба ин биное, ки зиндагӣ дорем ҳамагӣ як моҳ пеш иҷоранишин шудем. Ман шабона боғбонию посбонӣ мекунам. Ҳамон рӯзи шум ҳам айнан чунин шуда буд. Пагоҳӣ тахмин соати 8:30 ё 9:00 ба хона омад, ки ҳамсарам тараддуди хӯрокпазӣ дорад ва ягон духтаронам дар хона нестанд.
Пурсидам, ки духтаро дар куҷо?-кутоҳ карду Манижа онҳоро тамошо бурдагӣ, ҳозир то вақти пӯхтани хӯрок бармегарданд-гуфт. Аслан он духтар аз вуқӯи ҳодиса се рӯз пеш дар ин бино ҷой гирифта буд. Медонистем, ки ӯ танҳо зиндагӣ мекунад ва намедонистем, ки дар кофтукоб қарор доштааст. Дар розиск буданашро танҳо баъди маргу худашу сари духтарчаамонро хӯрданаш фаҳмидем…-нақл мекунад падари Моҳчеҳра- Сулаймон Ашӯров.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ