Манижаи Давлат бо Меҳрнигори Рустам ба саҳна мебарояд (Видео)
Манижаи Давлат, сарояндаи маъруфи тоҷик мехоҳад, ба саҳнаи овозхонӣ бо сурудҳое баргардад, ки муаррифигари шеъру сухани ӯ бошанд. Тӯлли ҳафта ҳам Мехрнигор ва ҳам Манижаи Давлат ба хабарнигорон иброз доштанд, ки рӯзҳои наздик дар саҳнаи тоҷик инқилоб хоханд кард.
Ба суоли он, ки имрӯзҳо чанд сурудаш рӯи оҳанг омадааст, чунин посух дод: Аввалин бадеҳаи омоданамудааш, ки “Дили зор” унвон дорад, оҳангашро моли шахсии худаш хонд ва афзуд, ки бо сарояндаи хушовоз Мехрнигори Рустам онро якҷоя омода намуда, рӯзҳои наздик клипи якҷояаашон тариқи эфирҳо паҳн хоҳанд гашт.
Ҳамчунин Манижаи Давлат, ки ӯро ситораи гунг меномиданд, дар сафҳаи фейсбукии расмияш хабар дода афзудааст, ки то иммрӯз аз мухлисонаш садҳо суол гирифтааст, ки “чаро дигар намехонӣ?”
Ӯ дар посухи дастаҷамъӣ ба суолҳои сершумор изҳор доштааст, ки “ман мехоҳам пеш аз ҳама шеър муаррифигари суруд бошад, на ин ки суруд муаррифигари шеър… Албатта ин ҳарду муаррифигари ҳамдигаранд, вале суруд умри кам дораду шеъру сухан мондагоранд. Вақте суруди маро мешунаванд, намехоҳам васфи садоямро бикунанд, бигуянд чӣ қадар садои ширину дилнишин дорад… Барои ман мояи ифтихор аст, вақте бигӯянд чӣ қадар шеъри баланд хонд”.
Манижаи Давлат таъкид кард, ҳар чиро қаблан хондааст, муаррифигари садояш буд: “Ҳар чиро хондам муаррифгари садоям буд. Сабкам буд, чун сабки хондан сабки ҷадид буду ҳар ҳаракату имову ишораам низ ҷадид буданд. Ҳар чӣ имрӯз қарор аст, ки бихонам, мехоҳам муаррифигари шеъру суханам бошад”.
Ба гуфтаи Манижаи Давлат “шеъру сухан дар танҳоӣ, шеъру сухани туст, вақте ба оҳанги ман пайваст аз мо мешавад ва то он вақте ки ин мо, ман нагардад, ман хонда наметавонам, яъне то вақте мавзуҳое, ки шинохти маро тамоман аз дигар паҳлуҳо нашиносанд, хондан аслан суде надорад”.
Манижаи Давлат тақрибан 14 соли қабл рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт. Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард,аммо барои овозхонҳои дигар оҳанг эҷод мекунад.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ