Манижаи Давлат ҷоиза гирифт
Манижаи Давлат (Манижа Давлатова), овозхони маъруф, ки баъд аз тақрибан 11 соли хомӯшӣ охири соли гузашта дубора аз худ ва оҳангҳои наваш дарак дод, барои «саҳми арзанда дар рушди фарҳанги тоҷик» барандаи ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017 шуд. Маросими тақдими ҷоиза шоми 11 март дар меҳмонхонаи «Ҳятт Реҷенсӣ»-и Душанбе баргузор гардид, вале худи Манижа ба ин маросим наомад. Масъулони ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Манижаи Давлат бо вуҷуди онки чанд сол боз дар саҳна нест, аммо бисёре аз оҳангҳояш аз тарафи овозхонҳои маъруф иҷро шуда, дар Интернет ҳам тарафдорони зиёд дорад.
Аз ҷумла, моҳи декабри соли гузашта ӯ дар саҳифаи расмии Фейсбук аз сабти оҳанги наваш бо номи «Одамкуш» хабар дода ва навишт, ки «умед дорам, мавриди писандатон қарор мегирад». Ин таронароРаҳмия Аюбӣ иҷро кардааст. Пештар аз он, дар моҳи ноябри соли гузашта аз оҳанги нав барои таронаи “Дили зорам”-и Меҳрнигори Рустам ва ҳамовозияш бо ӯ хабар дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ