Манижа Давлат

Манижаи Давлат. Ситораи саҳна ва хабарнигори “Оила” чӣ ҳол дорад?

Манижаи Давлат, ситораи маъруфи эстрадаи тоҷик дар рӯзи охири соли 2022-юм 40-сола шуд. Гарчанде Манижа аз соли 2006 ба ин ҷониб тарки саҳна карда бошад ҳам, вале мухлисонаш ӯро ҳамоно дӯст медоранд ва интизори ба саҳна баргаштанаш ҳастанд…

Ситораи Манижа

Манижаи Давлат 31-уми декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-уми шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Манижаи Давлат дар соли 2001 ба саҳна омад ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз овозхонҳои радаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт. Дар ибтидои солҳои 2000-ум таронаҳои Манижаи Давлат се сол пайиҳам ҷоизаҳои озмуни “Суруди сол”-ро ба даст оварданд.

Манижаи Давлат дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст, ки дар ҳунар пайрави Лайло Фуруҳар будааст.

Вақте ки Лайло Фуруҳар ба Тоҷикистон омада буд, қабл аз консерт бо Манижаи Давлат дидорбинӣ доштанд ва суханони Манижа ин гуна буд: “Пеш аз он, ки ҳунарро шинохтам, Лайлоро шинохтам ва пеш аз он, ки ошиқи ҳунар гардам, ошиқи ҳунари Лайло гаштам. Аз хурдӣ орзуям ин буд, ки ба пеши шумо равам ва шуморо аз наздик бубинам. Қисмат ин буд, ки шумо омадед инҷо ва хеле хуш омадед”.

Манижаи Давлат дар оғози соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият касб намуд. Ӯ дар соли 2002 консерти нахустини худро дар “Кохи Борбад”-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи “Сарнавишти ман” ба бозор баровард.

Садое, ки марзҳоро убур кард

Манижаи Давлат дар оғози солҳои 2000-умна танҳо дар Тоҷикистон машҳур шуд, балки садои ӯ марзҳоро убар кард. Ӯро дар Афғонистону Эрон низ дӯст медоштанд. 20 ва 23-юми январи соли 2006 Манижа Давлатова бо нахустин консерти ҳунарии худ дар баробари тамошобинони шаҳри Кобул ва Мазори Шариф ҳунарнамоӣ кард. Ӯ аввалин зане аз Тоҷикистон буд, ки баъди сарнагунии ҳукумати Толибон дар соли 2001 ба ин кишвари ҷангзада барои ҳунарнамоӣ рафт. Консерти ҳунарии Манижа то ҳол яке аз ҳодисаҳои муҳим дар ҳаёти фарҳангии Афғонистони ҷангзада ва карераи ин ҳунарманди гӯшанишин будааст.

То ҳол дар Афғонистон мухлисони Манижаи Давлат ҳастанд.

Хабарнигори “Оила”

Тавре ишора шуд, Манижа хатмкардаи факултаи журналистика буд ва ӯ дар баробари карераи сарояндагӣ фаъолияти журналистӣ ҳам дошт. Номбурда як муддат ба ҳайси хабарнигори “Оила” низ фаъолият дошт ва матолиби ӯ низ дар саҳифаҳои нашрия чоп шудаанд.

Фирӯза Сатторӣ, сармуҳаррири вақти нашрияи “Оила” мегӯяд, ки ҳафтавори “Оила” пуле байни Манижаи Давлат ва мухлисонаш шуда буд.

“Манижа вақти дар қуллаи ҳунар қарор доштанаш бо ҳафтаномаи “Оила” ҳамкории зич дошт ва ҳатто замоне ба сифати хабарнигори “Оила” фаълият намуда, маводҳои бисёр ҷолиб ва хонданӣ менавишт. “Оила” пуле гашта буд, ки Манижаро бо мухлисонаш мепайваст.   Редаксияи Оила” зуд-зуд мулоқоти ӯро бо ҳаводоронаш ташкил мекард. Бо шунидани хабари мулоқот бо Манижаи Давлат садҳо нафар ҳаводорони ҳунараш аз дуру наздик ба редаксия меомаданд, то ба саволҳои худ ҷавоб бигиранд ва лаҳзае чанд бо Манижа бошанд. Мулоқоти мухлисон бо Манижаи Давлат дар редаксия баъзан то як поси шаб тӯл мекашид, зеро зимни ҳар як мулоқот то 300-400 савол меомад ва Манижа ба тамоми саволҳои мухлисонаш ҷавоб мегуфт”,- ба ёд меорад Фирӯза Сатторӣ солҳои ҳамкориаш бо Манижаи Давлатро.

Тарки мармузи саҳна

Манижаи Давлат бо вуҷуди шуҳрати зиёд доштанаш дар саҳна зиёд наистод. Соли 2006 ба таври мармуз тарки саҳна кард. Овозаҳо дар мавриди тарки саҳна кардани сароянда зиёд буданд, вале сабаби аслии ин ташаббуси ҳунарманд то ҳол маълум нест.

Аммо бо вуҷуди он ки сароянда солиёни зиёд дар саҳна нест, мухлисонаш то ҳол умедворанд, ки ин ситораи нотакрори ҳунари тоҷик як рӯз ҳатман тарки гӯшанишинӣ хоҳад кард ва бо сели таронаҳои наву бо он садои марғубаш дигарбора ба саҳна хоҳад баргашт.

Орзу Исо ҳам чанд сол пеш шеъре навишта буд бо номи “Ба хоҳарам Манижа”, ки аз ҷумла чунин мисраъҳо дошт:

Аз дили хилвати берангу хамӯш

Хоҳарам, хез, кушо равзанаро!

Лобалои ҳама номард ва мард

Хоҳарам, хез дигар, саҳна баро!

Аммо бо вуҷуди ин ҳама даъватҳо Манижаи Давлат дигар ба саҳна барнагашт ва сабаби рафтанашро ҳам шарҳ надод.

Вале дар солҳои гӯшанишиниаш Манижаи Давлат оҳангҳои зиёде эҷод кардааст, ки овозхонҳои шинохтае ба мисли Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод, Баҳроми Ғафурӣ, Зайнура Пӯлодова ва дигарон иҷро мекунанд.

То он ҷое мо маълумот дорем, Манижа Давлатова имрӯзҳо зиндагии осоишта дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *