Манижаи Сабо шавҳари қишлоқӣ мехоҳад

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Манижаи Сабо

Санаи таваллуд: 14 декабри соли 1995

Ҷои истиқомат: шаҳри Душанбе

Вазъи иҷтимоӣ:  муҷаррад

Фарзандони падар: 3 духтар

Шумораи сурудҳо:  19 суруд ва боз чанд таронаи нотамом

 -Манижабону, сароғоз мехостем назари шуморо ҳамчун як сарояндаи ҷавон ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” бидонем?

Бисёр шодам, ки чунин озмунҳо роҳандозӣ мешавад ва ҳунари мо, сарояндаҳо дар байни мардум таблиғ гашта, мавқеъ пайдо мекунем.

-Санъат роҳи пур аз шебу фароз аст. Шуморо чӣ водор намуд, ки ин пешаи пурзаҳматро интихоб намоед?

-Вақте инсон ба ягон кор муҳаббати самимӣ дорад, мушкилиҳои он  ҷода ба назараш наменамоянд. Меҳри сарояндагӣ ҳанӯз аз даврони наврасӣ дар вуҷуди ман реша давонда, маро ба ҷодаи ҳунар овард.

-Дар байни мардуми тоҷик хеле каманд мардоне, ки ба санъаткор шудани духтарашон розигӣ диҳанд. Падари шумо зидди пешаи интихобнамудаатон набаромаданд?

-Ростӣ, аввалҳо падарам намехостанд, ки ман ҳофиза шавам, вале баъдан розигӣ доданд.

Аввалин суруде, ки сабт кардеду сароидед, кадом аст?

-Соли   2013 аввалин маротиба ҳамчун сароянда суруди “Ҷомаи ишқ”-ро дар Кохи Ҷомӣ,  дар озмуни “Суруди сол”  хонда, баҳои баланд гирифтам.

-Манижабону, шумо бисёр зебо мепӯшед. Сару либосатонро кӣ интихоб мекунад? Тарроҳи  махсус доред?

-Дар ин масъала танҳо модарам ба ман кӯмак мерасонанд ва ман аз он кас бисёр миннатдор ҳастам.

-Бо кадом шоирон ҳамкорӣ доред?

-Бештар аз дафтари ашъори Шоирабонуи Раҳимҷон, Гулшан, Орзу Исоев ва устод Хайрандеш месароям.

-Таронаҳоятонро кӣ ба оҳанг медарорад?

-Даврони  Раҳматзод ва Наргиси Париж.

-Шумо духтари хона ҳастед ва бояд дар оянда арӯс шуда, хонаи мардеро обод созед. Ҳунари кадбонугӣ доред ё ман сароянда ҳастам гуфта, дастатонро ба оби хунук намезанед?

Ҳар як духтар сарфи назар аз он ки чикора аст, бояд кӯшиш кунад, ки ҳунарҳои занонаро омӯзад. Боварӣ дорам, ки дар ин масъала бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ намешавам, чунки модарам ниҳоят сахтгир ҳастанд ва аз овони кӯдакӣ тамоми кору бори рӯзгорро ба ман ёд медоданд.

-Боварӣ доред, ки баъди шавҳар кардан касбатонро идома медиҳед?

-Фикр мекунам, он нафаре, ки маро ҳамсафари ҳаётии худ интихоб мекунад, ҳеҷ гоҳ барои идома додани касбам монеъ намешавад.

-Дар қасри орзуҳоятон чӣ гуна мардро дидан мехоҳед?

-Шарт нест, ки аз оилаи сарватманд бошад. Ҳурмату эҳтиромро донад ва хиёнат накунад, кифоя аст. Рафту чунин мард пайдо шавад, бачаи камбағал бошад ҳам, ишқашро қабул мекунам ва то охир ба ӯ вафодор мемонам.

-Рафту ягон ҷавони деҳотӣ ба шумо пешниҳоди хонадоршавӣ намояд, қабул мекунед?

Ман деҳаро бисёр дӯст медорам. Субҳи содиқ аз хоб бархоста, ҳавлӣ рӯфтан кайфияти аҷибе дорад…

-Пас, розӣ мешавед, ки мисли арӯси замонавӣ зиндагии пурнишоти шаҳрро партофта ба қишлоқ равед? 

-Албатта розӣ мешавам, агар он бачаи қишлоқӣ арзанда бошад.

-Дуо мекунем, ки Худованд шуморо ба орзуҳои ширинатон бирасонад!

Суҳбаторо Беназир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *