Манижаи Саидмурод: Ҳар кас муаллифи зиндагии худ аст
Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди дасту пойи бутун ва ҷисми солим доштан, дар кӯчаву бозор ба гадоӣ машғуланд ё дар ба дар гашта, талбандагӣ мекунанд. Вале қаҳрамони имрӯзаи мо занест, ки ба ягон мушкили рӯзгор нигоҳ накарда, роҳи пешбурди зиндагии худро пайдо кардааст.
Сарнавишти Манижаи Саидмурод, ки ба маъюбияш нигоҳ накарда, дар шаҳри Душанбе сехи дӯзандагии худро кушодааст, хеле аҷиб аст. Манижа дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, ба воя расидааст. Вай ду сол қабл ба пойтахт кӯчида омад ва дар ин муддат ба шарофати истодагарӣ ва меҳнатдӯстии худ тавонист фаъолияти ташкилоти «Пайравон»-ро ба роҳ монад. Дар ин сехи дӯзандагӣ духтарон аз оилаҳои камбизоат ва шахсони дорои маъюбият ҷалб карда шудаанд. Инчунин, дар ин марказ ба духтарон ихтисоси дӯзандагиро бо тамоми нозукиҳояш меомӯзонанд. Сехи дузандагӣ барои дӯхтани либосҳои миллӣ, либоси расмии корӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шахсони алоҳида фармоиш қабул мекунад. Чандин фондҳои хайриявӣ кӯшишҳои ин духтари ҷасурро дида, барои пешравии кораш ба ӯ мошинҳои замонавии дӯзандагӣ тақдим кардаанд. Ӯ мегӯяд, фаъолияти худро аз ноҳияи Данғара оғоз кардааст:
“Аз хурдӣ шавқи дӯзандагӣ доштам, гоҳе аз сари шавқ ягон куртачаи зеборо барои духтарчаҳои хешу табор медӯхтам. Баъдан бо дастгирии ташкилоти USAID ин касбро аз худ кардам. Аввалин мошинаи дарздӯзиро ташкилоти мазкур ба ман тақдим карда буд.”
Манижа дорои ду маълумоти олӣ аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Данғараро бо ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ хатм кардааст. Аз хурдӣ орзу дошт, ки дар риштаи иқтисод фаъолият намояд, вале касе ӯро барои фаъолият дар ин самт дастгирӣ накард.
“Соле, ки донишгоҳро хатм кардам, дар яке аз идораҳо дар ноҳияи Данғара маро бо сабаби паст будани қадам ба кор қабул накарданд. Ҳамон вақт хело рӯҳафтода шудам. Орзуҳо зиёд буданд, аммо фикр мекунам, қисмат набуд то амалӣ шаванд”,- Манижа бар он назар аст, ки инсон танҳо бо сабр кардан ба пеш рафта наметавонад. Бояд талош варзид, то зери мушкилот рӯёсозӣ накунӣ.
“Зиндагии хубе доштем. Аммо баъд аз марги модарам ҳаёт тағйир ёфт. Тамоми мушкилот гӯё ба сари ман омад. Он замон зинаи магистратураро хатм карда, ҷои кор надоштам. Дуто хоҳари аз худ хурд масъулияташон ба ман вогузор шуд. Албатта ду бародари аз худ бузург доштам, аммо онҳо оиладор ва аз пайи зиндагии худ буданд,”- нақл мекунад Манижа.
Ӯ роҳи ҳалли мушкилоти худро дар сафар ба пойтахт дониста, ҳамроҳи хоҳаронаш Душанберо макони зиндагӣ интихоб кард ва баъд аз даводави зиёд барои рӯзгузаронӣ як шуғли муносибро пайдо карда тавонист.
“Сараввал хонавода аз сафари мо розӣ набуданд, вале бо гузашти замон бародаронам инро пазируфтанд. Вақте диданд, ки ман хоҳаронамро таъмин карда метавонам, ба интихоби ман дигар монеа эҷод накарданд,”-мегӯяд Манижа.
Ҳоло Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ барои ӯ гӯшае аз масҷидро ҳамчун коргоҳ ҷудо карда додааст. Манижа шаш шогирд дорад, ки ба онҳо касби дӯзандагиро меомӯзонад. Хоҳари калониаш гоҳ-гоҳ ба ӯ кӯмак мерасонад, хоҳари хурдиаш ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Хоҳарон шукр мекунанд, ки чунин апаро Худованд насибашон гардонидааст.
“Фикр мекунам, мушкиле нест, ки осон нашавад. Имрӯз ман метавонам, бе ягон монеа дар ҷомеа фаъолият намоям. Ман ҳеҷ гоҳ намегузорам хоҳаронам дар зиндагӣ аз ягон ҷиҳат танқисӣ дошта бошанд!”- чунин ибрози ақида менамояд Манижа, ки ҳамчун раиси “Ҷамъияти маъюбони ноҳияи Данғара” фаъолият мекунад. Ӯ барои ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдоштаи ноҳияи мазкур талош мекунад.
“Худи ҳамин сол вақте ба ноҳия рафтам, ба чандин оилаҳое, ки кӯдакони маъюб доранд, кӯмак расонидам. Ҳуҷҷатҳои чандин кӯдаки имконияташ маҳдудро барои гирифтани кӯмакпулӣ дуруст кардам. Бовар мекунед, аксари онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд,”-қаҳрамони мо мегӯяд, ки баъд аз ин фаъолиятҳо ӯро дар ноҳия ҳама мешиносанд. Манижа дар оянда нақша дорад, ки як коргоҳи бузурги дӯзандагӣ кушода, ба духтарони дар оилаҳои камбизоат таваллудшуда ва онҳое, ки маъюбият доранд, кӯмак расонад.
Ӯ ба зиндагии хуб умед дорад ва бовар дорад, ки ҳар нафар муаллифи зиндагии худ аст.
Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ