Манижаи Сангинро дар Русия тафтиш мекунанд
Кумитаи тафтишот қасд дорад, ки овозхони рустабори тоҷик Манижаи Сангинро дар асоси моддаи сафед кардани терроризм тафтиш кунад.
Рӯзи 27 март ҳунарманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти ҷинояткоронро, ки ҳамлаи террористиро дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» анҷом доданд, «шиканҷаи оммавӣ» номид.
Пас аз ин ҳаммуассиси Бунёди ҳифзи мероси миллӣ ва таърихӣ Александр Карабанов аз раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дархост кардааст, ки овозхонро тафтиш карда, дар сурати тасдиқ шудани далели терроризм ӯро муҷозот кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ