Мансабдори дурӯғгӯй аз вазифа меравад

Минбаъд дар Тоҷикистон мансабдоронро барои пинҳон кардани сарвату дороиҳояшон аз вазифа барканор хоҳанд кард. 

Чунин муқаррарот аз тарафи ҳукумат ба порлумон пешниҳод шуда, Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 3-юми сентябр аз он ҷонибдорӣ намудааст. Бар асоси ин муқаррарот, мансабдорон муваззаф ҳастанд, на фақат ба Кумитаи андоз, балки ба раҳбарияти худ низ дар бораи дороиҳояшон гузориш диҳанд.

Масъулони хадамоти матбуоти Маҷлиси Намояндагон мегӯянд, тағйироти нав ба хотири такмил ва шаффоф кардани эъломияи даромади мансабдорон таҳия шудааст.

Дороиҳои мансабдорони тоҷик давоми се соли охир зери назорат  қарор гирифтааст. Ин кор пас аз он шуруъ шуд, ки Президент дар ҷаласаи Шӯрои амният дар соли 2015 аз дороиҳои ҳангуфти мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ ба тундӣ интиқод кард. Дар ин ҷаласа хитоб ба кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон ӯ  гуфта буд, ки як бор ба гузаштаи худ назар кунанд, ки дар куҷо буданд ва ба куҷо расидан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *