Мансабдорон барои заминфурӯшӣ ҷавоб медиҳанд

Нисбати 22 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 27 кормандони сохторҳои Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, 49 кормандони корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 43 раисони ҷамоатҳо, 77 муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст

Тавре Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбати 296 нафар шахсони мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки қисми зиёди онҳо заминсозҳои ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ будаанд.
“Аз ҷумла нисбати 22 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 27 кормандони сохторҳои Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, 49 кормандони корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 43 раисони ҷамоатҳо, 77 муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд”, — омадааст дар иттилоия.
Дар кори раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон прокурорҳо асосан аз тасмимҳояшон дар мавриди тақсими замин норозӣ будаанд.
Прокурорҳои Тоҷикистон, ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо1055 эътироз оварда шудард, ки 865 адад ё 82 фоизи эътирозҳо ба қонунгузории замин вобастаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *