Мансабдорон, пинҳонкорӣ бас!

Мансабдор ва ҳар нафаре, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кор кардан мехоҳад, бояд ҳатман дар бораи дороиҳои худ ва манбаъҳои даромад бидуни пинҳонкорӣ гузориш диҳад. Эъломияи онҳо ҳангоми қабул ба кор санади муҳим дониста мешавад. Дар ин бора Парлумони Тоҷикистон 1-уми октябр тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро баррасӣ намуда, бо ҷамъи оро онро ба тасвиб расонд. Тағйироти аслӣ марбут ба бандҳои 35 ва 65 буд, ки таҳияи эъломияи дороиҳо ва даромади кормандони давлатиро дар бар мегирад. Ҳамакнун агар маълум шуд, ки мансабдорони давлатӣ маълумотеро аз мақомот пинҳон кардаанд, аз вазифа маҳрум хоҳанд шуд. Муаллифони тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни мубориза бо фасоди молӣ эъломияи даромади мансадорони давлатиро қадами муҳим барои пешгирӣ аз коррупсия номиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *