Мансабдорон танбеҳ гирифтанд
Раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 ноябр ба ду мансабдори баландпоя – раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб «бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хидматиашон” танбеҳ дод. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат се мансабдори дигари баландпояро аз кор ронд, ки дар ин бора навишта будем.
Тафсилоти дигар дар бораи сабабҳои ба чунин сурати расмӣ танбеҳ гирифтани ин ду мансабдори баландпоя ва пурнуфуз оварда нашудааст. Хадамоти матбуоти президент дар ин робита танҳо як шарҳи кӯтоҳ додааст: «Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хурокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд. Дар натиҷаи гузаронидани тафтишоти хизматӣ, ки бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти дахлдор сурат гирифт, далелҳои зиёди поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ворид кардани маҳсулоти пастсифату арзон ба бозори истеъмолӣ, дидаву дониста иҷозат додани воридоти маҳсулоти бесифат ва ба саломатии мардум зараровар ба роҳбарияти Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танбеҳ дода шуд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат бо дарназардошти вазъи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти истеъмолкунандагон, ҷиҳати пешгирии ба таври қочоқ, бе риояи расмиёти андозу гумрук ва ҷавобгӯй ба талаботи стандартиву эпидемиологӣ ва рафъи бесарусомонӣ дар воридоту фуруши маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла маҳсулоти гуштӣ, гушти мурғ ва дигар маводи ширию гуштӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин иҷрои онро талаб кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ