Мансабдорони фасодкорро ба “лавҳаи шармандаҳо” ҷой диҳед. Пешниҳоди Прокурори генералии Русия

Прокурори генералии Русия Игор Краснов бо як сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳадаф аз ин сафари ӯ ширкат дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасоди молӣ аст.

Номбурда дар ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод ба ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ пешниҳод кард, ки мансабдорони фасодкорро ба “лавҳаи шармандаҳо” ҷой диҳанд.

Игор Краснов аз таҷрибаи худ дар мавриди барканории шахсони мансабдоре, ки гӯё бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд, аммо дар асл ин мансабдорон ба далели қонуншиканиҳои коррупсионӣ аз кор хориҷ шудаанд, нақл кард.

«Ин, албатта, барои мансабдорон оқибатҳои манфиро ба бор меорад, зеро дар ҳуҷҷатҳои меҳнатии онҳо сабт пайдо мешавад — «бо сабаби аз даст додани эътимод аз кор озод карда шуд» дар натиҷа, онҳо ба феҳристи дахлдори давлатӣ дохил карда мешаванд», — шарҳ дод ӯ ба ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ дар ҷаласаи IX Шӯрои байнидавлатии мубориза бо фасод дар пойтахти Тоҷикистон.

Бино ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Игор Краснов қайд кард, ки танҳо дар нимсолаи якуми соли равон ба судҳои Русия зиёда аз сад ариза равон шудааст.

“Зиёда аз нисфи он аллакай дида баромада, каноатманд карда шудаанд”,- гуфт Краснов.

Ба гуфтаи вай, истифодаи чунин механизмҳо дар Русия нав нест. Ҳанӯз дар миёнаҳои асри 19 император Александр II, ки асосгузори системаи назорати вазъи молу мулкии хизматчиёни давлатӣ гардид, китобҳои идоравии рутбаҳои гражданиро ҷорӣ намуд. Дар онҳо маълумот дар бораи ҷазоҳои эълоншуда, инчунин дигар маълумоте, ки вазъи молиявии шахсонеро, ки вазифаҳои дахлдорро ишғол мекунанд, тавсиф мекунанд.

Додситони кулли Русия ҳамчунин қайд кард, ки чунин феҳрист дар ИДМ метавонад монеаи изофӣ эҷод кунад то шахсоне, ки дорои сифатҳои ахлоқӣ ва корӣ нестанд, ба хидмати давлатӣ ҷалб нашаванд.

Вай аз таҷрибаи мусбати муборизаи муштарак бо фасод дар сатҳи байналмилалӣ миёни Русия ва Беларус ёдовар шуд, ки мақомоти Русияро дар бораи додани ришва аз ҷониби соҳибкорони рус ба мақомоти Беларус огоҳ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *