Мансабдорони порахӯр. Аз 10 то 100 ҳазор сомониро ба киса заданӣ буданд, аммо…

Тайи як ҳафтаи охир Агентии мубориза бо коррупсия ва мақомоти судии кишвар аз боздошт ва ҷазои се мансабдор бо ҷурми гирифтани пора хабар доданд.  

Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

99 500 сомонӣ барои қитъаи замин

Раиси ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон Набиев Ҷ. И. ҳангоми гирифтани 99 ҳазору 500 сомонӣ пора аз шаҳрванд Я. Х. дар утоқи кориаш боздошт шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия хабар медиҳад. 

Ба иттилои манбаъ, Набиев Ҷ. И. бо истифода аз ваколати мансабӣ моҳи феврали соли 2024 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони коргоҳ (сех)-и истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ дар ҳудуди ҳамин ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я. Х. маблағи 100 ҳазор сомониро ба сифати пора талаб намудааст.

“Набиев Ҷ. И. баъди ба сифати пора гирифтани маблағи 99 ҳазору 500 сомонӣ аз шаҳрванд Я. Х. дар утоқи кории худ дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”,‑ хабар медиҳад манбаъ.

Шаҳри Ваҳдат

10 ҳазор барои қатъи фаъолият

Корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат З. К. Ҳабибовро кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз як шаҳрванд дастгир кардаанд.

Ҳабибов З. К., ки дар вазифаи мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат фаъолият мекард, моҳи марти соли 2024 аз як шаҳрванд “барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ” 10 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. Вале ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир мешавад. 

Ба иттилои Агентии мубориза бо фасоди кишвар феълан нисбати ду мансабдори боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ноҳияи Ҷаббор Расулов

4 ҳазор гирифту 27 ҳазор дод

Шерзод Тоҷибоев — корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳақи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора аз Суди вилояти Суғд хабар доданд.

Тоҷибоев моҳи майи соли равон “ба боварии Зиёвуддин Кароматуллозода, як сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо сӯйистифода аз мақоми хизматӣ барои ба кор қабул кардан ба шуъбаи «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст”.

Бо ҳукми суд Тоҷибоев барои қаллобӣ (моддаи 247, қисми 2) 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муддати ду сол маҳрум карда шуд. Ҳамчунин, ӯ 4 ҳазор сомонӣ зарари расонидаро барқарор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *