Мансабдоронро аз 1000 то 1500 ҳазор сомони ҷарима мекунанд агар….

Тибқи тағйироте, ки ба кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод шудааст, шахсони ба вазифаҳои давлатӣ пешбаришуда, барои пинҳон доштани шаҳрвандии худ, муҷозот хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 10 апрел дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи қонуни “Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ шуда ва дар ин санад банди наве дар мавриди таъйини ҷазо барои чунин ашхос, ворид гардидааст.

Ин манбаъ афзуд, ба моддаи 501-и Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” моддаи нави “Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар” илова шудааст, ки тибқи он, афроди муҷрим ба миқдори аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1000 то 1500 сомонӣ), ҷарима хоҳанд шуд.

Бар асоси санадҳои ҳуқуқӣ, ки дар соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, сокинони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, аз ҳаққи таъйин шудан ба вазифаҳои давлатӣ маҳрум шуданд. Интизор меравад, ки ин тарҳ рӯзи 12 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *