Мансаби 2392-сомонию 20 дирама соҳибашро ёфт
Раҳмоналӣ Мирализода сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Қаблан Вазорати фарҳанг мақоми сардори раёсати табъу нашр ва матбуотро ба озмун гузошта, аз довталабон хост, ки санадҳоро пешниҳод кунанд.
Маоши мансабии сардори раёсати табъу нашр ва матбуотро 2392- сомонию 20 дирам муайян карда, аз довталабон 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ талабгардидааст.
Дар феҳрасти талаботи дигар – “дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ” низ таъкид шудааст.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ