Манякҳои Харангон дар суд
Нуриддин Маликзода, корманди суди шаҳри Душанбе бо нашри чанд акс дар сомонаи расмии ин додгоҳ хабар дод, ки аз 10 декабр дар додгоҳи пойтахти Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноятии пурсарусадои Сафаров Донёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в,з,п»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шудаанд, оғоз гардид. Ин ду сокини маҳаллаи Деҳнаваки болои шаҳри Душанбе, соли таваллудашон 1992, дар қатли ваҳшиёнаи Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола, сокини кӯчаи Алишер Навоӣ ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Алхитойи ноҳияи И. Сомонӣ айбдор мешаванд. Ҷасади Замирамоҳро баъди ду моҳу 8 моҳи гум шуданаш ва Меҳрафзунро баъди 5 моҳ аз як гор дар болои теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карданд. Ин ду куштори бераҳмона мавҷи вокунишҳоро ба бор овард ва бисёриҳо аз мақомот талаб карданд, ки қотилонро ба ҷазои олӣ – ҳабси умрбод ва ҳатто ба қатл маҳкум кунанд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ба Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов аз 15 соли зиндон то ҳабси умрбод таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ