Маняк дар Конибодом. Дар як шаб ҷони 6 нафарро гирифт
Шаби 28 ба 29-уми май дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ду ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он 6 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба қатл расиданд. Қаблан дар ҳудуди ин ноҳия 7 нафар аз ду оилаи дигар ба таври мармуз кушта шуда буданд. Ин фоҷеаҳо аҳолии Конибодомро ба таҳлука андохта, эҳтимоли пайдо шудани монякро ҳам ба миён овардааст.
Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ин ду қазияи ахирро тасдиқ карданд. Сокининро ин ҳодисаҳо сахт нигарон намудааст.
Дар ин шаб сокини деҳаи Ҷаҳонзеб (пешина Қарачқум), ҳамшираи тиб Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола ва ду фарзанди ноболиғаш Нозинин Ахмедова (16-сола) ва Дамирҷон Ахмедов (14-сола) кушта шуданд.
Ғайр аз ин, шаби 28 ба 29-уми май Зулхо Иброҳимови 50-сола, муовини директори мактаби №28-и деҳаи Санҷидзор ҳамроҳ бо бародар ва ҳамсари бародараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 46-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 45-сола ба қатл расонида шуданд. Онҳо қирғизтабор буданд.
Аз ин оилаи қирғизҳо се кӯдак зинда монданд, ки яке ҳамагӣ 8-моҳа мебошад. Кӯдакон ҳоло ба ихтиёри давлат супорида шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин куштори гурӯҳӣ дар шаҳри Конибодом нест. Аз ҷумла, шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом ҷасади як зану шавҳарро дар хонаашон пайдо карданд. Он вақт мақомоти корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки дар ҷасади зану шавҳар “нишонаи марги маҷбурӣ дида мешавад”.
Аз ин пештар, 30-юми март дар манзили истиқоматиашон ҷасади Майрам Шарипова, келинаш Фирӯза Шарипова ва наберагонаш Абӯбакр Шарипов, хонандаи синфи 3 ва Азиза Шарипова, хонандаи синфи 1-ум пайдо шуда буд, ки бо роҳи эҳтимоли бӯғӣ кардан ба ҳалокат расида буданд. Мақомот он замон эълон карда буд, ки онҳоро сарвари оила Муҳиддинбой Шарипови 65-сола ба қатл расонида, худро низ куштааст.
Вале баъди ду ҳодисаи охир байни мардум эҳтимоли пайванд доштани кушторҳо сухан меравад. Зеро ҳамаи ин кушторҳо тариқи бӯғӣ кардан сурат гирифтааст.
Феълан сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии Конибодом ба таҳлука ҳастанд. Бархе аз сокинони деҳоти зикршуда хонаҳои худро тарк карда, ба дигар деҳаҳо паноҳ бурдаанд. Гарчанде мақомоти кишвар дар мавриди ин қазия изҳори назар накардаанд, вале сокинон пешниҳод доранд, ки амнияти онҳо пурзӯр карда шавад.
Бо пайдо шудани иттилои бештар, мо шуморо огоҳ хоҳем кард.
Pressa.tj-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ