Маняки гузаргоҳи зеризаминӣ дар Душанбе дастгир шудааст
Як фаъоли тоҷик Зуля Раҳматова рӯзи 21 декабр дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе тавонистанд дар байни камтар аз як шабонарӯз гумонбари ҳамла ба як зани танҳо дар гузаргоҳи зеризаминии байни сафорати Русия ва маҳаллаи Қарияи болоро дастгир кунанд. Зуля Раҳматова, ки ду рӯз қабл видеои ин зани ҷабрдидаро нашр карда буд, хабар дод, ки зан марди ҳамлагарро шинохтааст. «Ба қавли ҷабрдида, маълум шудааст, ки аз дасти ин бадкирдор танҳо ӯ ҷабр надидааст. Мунтазири навори хабарҳои ВКД мешавем», – навишт Зуля Раҳматова.
Дар видеое, ки ӯ рӯзи 19 декабр нашр кард, дида мешуд, ки як зан бо садои хеле тарсолуда ва пурэҳсос гирякунон нақл мекунад, ки аз тарафи сафорати Русия ба самти Қарияи боло мерафт ва ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи зеризаминӣ як мард бо мақсадҳои шаҳвонӣ ба вай ҳамла кард. Зан мегуфт, ки аз тарс фарёд бардошт ва он мард ҳам тарсида, фирор кард. Кӯшиши мустақилона бо кумаки раҳгузарон дастгир кардани он мард натиҷа надодааст ва ин зан ба мақомот муроҷиат кардааст. Зани ҷабрдида бар ин аст, ки ҳамлагар маняк буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ